Тибқи дастури Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қабули шаҳрвандон, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Қӯрғонтеппа омада, бо намояндагони шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Хатлон бевосита суҳбати рӯ ба рӯ гузаронид. Муддати қариб се соат беш аз 120 нафар шаҳрвандони вилоят имкон пайдо намуданд, ки дар ҳузури вазир аз мушкилоти хеш ҳарф зананд. Шаҳрвандон ба вазир оид ба масъалаҳои тӯлонӣ будани муҳлати дастрасии шиносномаҳои хориҷӣ, баҳси замин, муноқишаҳои оилавӣ, қабули фарзандонашон ба сафҳои милитсия, нокифоя будани воҳидҳои кории нозирони минтақавӣ дар деҳот ва масъалаҳои дигар арзи дил намуданд.
Ҳамчунин чанде аз онҳо миннатдории худро барои мусоидати ҳалли мушкилоташон аз ҷониби кормандони милитсия баён карданд. Аз ҷумла раиси Ассотсиатсияи рушди соҳибкории вилоят Қосим Қосимов иброз намуд, ки зиракиву кордонии кормандони милитсия имкон дод, ки дар бозори «Инъом»-и ноҳияи Шаҳритуз ҷинояти ташкил намудани сӯхтори бадқасдона пешгирӣ карда шавад. Дар сурати сар задани сӯхтор имкон буд ба маблағи беш аз 40 миллион сомонӣ молу матои соҳибкорон ба коми оташ равад.
Сокини ноҳияи Қубодиён Маҳмадмӯсо Маллаев аз он ҷиҳат ба вазири корҳои дохилӣ миннатдорӣ баён намуд, ки бо кумаки кормандони милитсия ду фарзандаш аз роҳи хатои узвият ба «Ҳизб-ут-таҳрир» даст кашидаанд. Яке аз фарзандонаш баъди ин дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хизмати Модар- Ватанро софдилона ба иҷро расонида истодааст. Хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ноҳияи Бохтар Нигина Гулова иброз намуд, ки мехоҳад баъди хатми мактаб таҳсилро дар Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ идома диҳад. Сокини ноҳияи Қумсангир Хусрав Кароматов бошад, аз вазири корҳои дохилӣ хоҳиш намуд, ки барои дастрасии шиносномаҳо барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусоидат намояд, то ки онҳо ҳуҷҷатҳои хешро сари вақт ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида тавонанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз Раҳимзода Рамазон Ҳамро имкон пайдо кард, ки бо як гурӯҳ собиқадорони соҳаи корҳои дохилӣ мулоқот намуда, аз рӯзгори имрӯзаашон пурсон шавад ва ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намояд. Ҳамчунин номбурда аз онҳо хоҳиш кард, ки дар тарбияи кормандони ҷавони милитсия мусоидат намоянд.
Зимни суҳбат бо рӯзноманигорон чанде аз шаҳрвандон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои чунин иқдоми хайраш миннатдорӣ баён намуда, хоҳиш карданд, ки чунин рӯзҳои қабули сайёр дар вилояти Хатлон аз ҷониби вазир бештар доир карда шаванд.
Давлат Султонов, «Садои мардум»