БОХТАР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар ҳудуди деҳоти «Бӯстонқалъа» -и ноҳияи Бохтар корхонаи нави истеҳсоли заҳри мор мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи коргоҳи нав раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбулло Авзал иштирок намуд. Корхона бо кӯмаку дастгирии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Мину форм» бунёд гардидааст.
- Тавре сарвари ҶДММ «Мину Форм» Файзулло Шарифов иттилоъ дод, дар ин корхона парваришу нигоҳубини морҳое, ки заҳри онҳо дар соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ба роҳ монда мешавад. Мутахассисоне, ки дар ин коргоҳи нав машғули коранд, дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҳиндустон, малакаю таҷриба андӯхтаанд. Таҷҳизоти коргоҳи нав низ аз хориҷи мамлакат ворид шудааст. Дар ин коргоҳ 16 нафар мутахассисон доимӣ ва 80 нафари дигар мавсимӣ фаъолият мекунанд.