ҚУМСАНГИР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Барои 220 нафар аҳли оилаи омӯзгорони ҷавони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, дода шуд. Бештари онҳо нафаронеанд, ки аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ барои таълиму тарбияи насли наврас ба ин ноҳия омадаанд. Қумсангир аз ҷумлаи ноҳияҳоест, ки дар он омӯзгорони соҳибтахассусу соҳибмаълумот нокифояанд. Ин ҷиҳати масъаларо ба назар гирифта, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба чунин иқдоми наҷиб даст зад. Алҳол дар мактабҳои ноҳия 27 ҳазор нафар толибилмон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 1138 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Вактҳои охир аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба бунёди мактабу синфхонаҳо ва фароҳам овардани шароити зарурии таълиму тарбияи хонандагон диққати бештар дода мешавад.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон