Бо қарори раиси вилояти Суғд аз 11 апрели соли 2015 ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят «500 рӯзи меҳнати зарбдор» эълон шудааст. Дар асоси қарори мазкур дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори он нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст ва меҳнаткашони ноҳия баҳри иҷрои он саъю талош варзида истодаанд.
Бино ба гуфти раиси ноҳия Умар Ёқубзода, тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ҳудуди ноҳия ташкил ва гузаронидани ҳашарҳои умумихалқӣ ҷиҳати ободонии маҳал, гулзоркунии назди идораву корхонаҳо, чароғонкунии кӯчаҳои маркази ноҳия, ба роҳ мондани кишти саривақтии зироатҳо, сохтмони варзишгоҳ дар деҳаи Ободӣ, сохта ба истифода додани маркази савдо дар бозори ноҳия, мавриди истифода қарор додани корхонаҳои саноатии «Элита – Шаҳристон», коргоҳҳои мебелсозӣ ва консервабарорӣ, бунёди боғи фарҳангӣ дар мавзеи «Қаҳқаҳа», сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми №13 ва 19 дар деҳаи Ободӣ, таъсиси муассисаи таълимии типи нав барои хонандагони болаёқат, мактаби варзишии бачагон ва наврасон дар деҳоти «Бунҷикат», беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, ҳолати санитарии нуқтаҳои савдо ва хӯроки умумӣ дар назар аст.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»