СПИТАМЕН. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мудирони шуъбаю сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораю ташкилотҳои ноҳиявию вилоятӣ дар маҷмааи фароғатии «Спитамен», воқеъ дар шаҳраки Нов рӯзи қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» сурат гирифт.
Дар ин рӯз шаҳрвандони деҳоти ба номи Т. Ӯлҷабоев ва деҳотҳои «Куруш», «Истиқлол», «Тағояк», «Сарбанд», «Хуррамзамин» ва шаҳраки «Нов» аз ҷониби роҳбарияти мақомоти дахлдори вилоятӣ қабул карда шуданд. Дар рӯзи қабул 99 нафар сокинони деҳоти ноҳияи Спитамен марбут ба масъалаҳои гуногун муроҷиат карданд.
Ҳамзамон 35 нафар сокинон барои гирифтани кӯмаки моддӣ муроҷиат карданд, ки хоҳишу дархости онҳо ҳалли худро пайдо намуд. Аз ҷумла ба ду нафар муроҷиаткунанда аробачаи маъюбӣ супорида шуд.