ҚАЙРОҚҚУМ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар шаҳраки Зарнисор қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Қайроққум Худойназар Юлдошев доир шуд, ки дар он масъулини ташкилоту идораҳои гуногуни шаҳри Қайроққум ширкат намуданд.
Муроҷиин оид ба масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва шахсии худ ба раиси шаҳр арз намуданд. Чунончӣ, шаҳрвандон М. Мадалиев, Н. Рустамов, И. Иброҳимов, Ш. Сафарова аз вазъи ташвишовари роҳи мошингарди Зарнисор- Бӯстон, норасойии нақлиёти мусофиркаш, масъалаи пардохти нафақа шикоят намуданд. Раиси шаҳр вобаста ба арзу дархости мардум ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.