Бобати баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои наву серҳосил, ҷамъоварии беталафи ҳосили пахта ва сари вақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ, сарфаи оқилона ва тақсимоти дурусти об, нигаҳдории меваю сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов семинари вилоятӣ баргузор гардид.
Дар семинар раисони шаҳру навоҳии вилоят, муовинони онҳо, сардорони идораҳои кишоварзӣ ширкат ва аз қитъаҳои замини пахта дидан намуда, бо нашъунамои он шинос шуданд.
Дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳия дар майдони умумии панҷ гектар тухмии пахтаи навъҳои серҳосили ояндадори хориҷӣ кишт шудааст. Тавре аён гардид, ҷараёни инкишоф ва ҳосилбандии заминҳои пахта хуб буда, мувофиқи ҳисоби мутахассисон ҳосилнокӣ аз ҳар гектар на камтар аз 35 сентнериро ташкил медиҳад. Ҳар бех ниҳоли пахта дорои 35 дона кӯрак буда, метавон дар чиниши якум ва дувум 35 — 40 сентнерӣ ҳосил ба даст овард.
- Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи тухмиҳои серҳосил ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо мо бояд беҳтарин навъи тухмиро ба вилоят ворид сохта, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бамаротиб боло бардорем, — таъкид дошт дар семинар раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ.
Соли ҷорӣ пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони умумии 5056 гектар пунбадона кишт намуданд ва азм доранд, ки аз ҳар гектар на кам аз 23 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят чиниши пахта идома дорад.
Таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ба майдони фаъолият баромадани шумораи зиёди хоҷагиҳои хурди инфиродиву оилавӣ водор месозад, ки тақсимоти оқилонаи об ба роҳ монда шавад. Бо ин мақсад дар шаҳру навоҳии вилоят Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ташкил карда шуд, ки ба хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмат мерасонад. Вазифаи асосии ин ассотсиатсия тақсимот ва дастрасии саривақтии деҳқонон ба об мебошад. Намунаи фаъолияти Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Чашма – 2014» — и ноҳия пешкаши иштирокдорони семинар гардид. Ин ассотсиатсия майдони умумии 1365 гектарро обёрӣ менамояд, бо ин мақсад дар назди замини ҳар як хоҷагии деҳқонӣ дарвоза ва обченкунак насб карда шудааст, ки бо ин васила метавон ҷараёни интиқоли обро назорат намуд ва истифодаи онро ҳисоб кард.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»