Иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба расму оини ниёгон ва қадршиносӣ нисбати шахсиятҳое, ки дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар саҳми арзанда доранд, дар вилояти Суғд ба хубӣ эҳсос мегардад, ки шоистаи таҳсин аст.
Чанде пеш бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд китоби тозанашри ман бо номи «Андешаҳои иқтисодшинос» пешкаши хонандагон гардид. Ҳамчунин бо кумаки бевоситаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба рӯйхати ҳаҷгузорон ворид гардида, соли ҷорӣ ба тавофи Каъбатуллоҳ сазовор шудам.
Ҳангоме ки дар Мадинаи мунаввара ва Маккаи мукаррама тавоф мекардам, бори дигар шоҳиди он шудам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбати дини мубини Ислом арҷгузорӣ намуда, солҳои охир баҳри беҳтар гардонидани шароити мусоид барои ҳаҷгузорон ғамхориҳои зиёд карда истодаанд. Масалан, соли равон, тибқи талаботи мақомоти дахлдори Арабистони Саудӣ, зарурати дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба шиносномаҳои биометрӣ иваз кардани шиносномаҳои зиёда аз 3800 нафар ҳаҷкунанда пеш омад ва сарфи назар аз мушкилоти техникӣ, дар асоси супориши Сардори давлат масъулини Вазорати корҳои хориҷии кишвар тавонистанд, ки ҳуҷҷатҳои мазкурро сари вақт омода намоянд.
Ё худ, дар шаҳрҳои Мадина ва Макка шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаҳои дорои шароити хуб ҷойгир ва ҳангоми рафтуомад ба ҷойҳои намозгузорӣ ва таърихӣ бо нақлиёти махсус таъмин карда мешуданд.
Роҳбарияти «Ситоди Ҳаҷ–2014»-и Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳаҷгузорон дар Мино низ шароити хубро муҳайё намуданд, зеро мувофиқи суханони ҳоҷиёне, ки чанд сол қабл ба ҳаҷ рафта буданд, шароити имсола нисбатан беҳтар буд.
Барои ҳоҷиёни тоҷик дар Арафот намояндагони Кумитаи мазкур давоми вуқуфи ҳаҷгузорон дар ин мавзеъ баромадҳои тарбиявию ахлоқии аҳли уламоро ташкил доданд, ки хеле хотирмон ва диққатҷалбкунанда буданд.
Ҷоизи зикр аст, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафи ҳоҷиёни тоҷик хеле афзудааст. Ҳар сол зиёда аз 6000 нафар сокинони кишвар ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мегарданд ва ин далели бевоситаи ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба диндорон мебошад.
Вале, боиси таассуф аст, ки ҳоло ҳам баъзе ашхоси беандеша ва гумоштагони хориҷӣ мехоҳанд зери ниқоби дини мубини Ислом оромии сиёсии мамлакатро халалдор намоянд, байни мардум низоъ андохта, нақшаҳои ғаразноки хешро амалӣ кунанд.
Ин тоифа хуб медонанд, ки ҳама гуна нооромиҳо ба мардум ва иқтисоди давлат зарар мерасонаду боиси харобиҳои зиёд мегардад. Аз ин ҷост, ки «аз зери нохун чирк кофта», аз камбудию норасоиҳои муваққатии имрӯза истифода бурда, мехоҳанд мардуми моро бори дигар гумроҳ намоянд.
Мо набояд ҳодисаҳои мудҳиши солҳои 90-и асри гузаштаро фаромӯш намоем. Моро зарур аст, ки аз дасисабозиҳои зархаридони хориҷӣ, ки зиндагии хушбахтонаи мардумро халалдор кардан мехоҳанд, хулосаҳои дуруст барорем.
Ҳар яки мо бояд хуб дарк намоем, ки тамоми мушкилоти муваққатӣ батадриҷ ҳалли худро меёбанд, вале ҳаёти инсонҳоеро, ки дар натиҷаи ҷангҳои шаҳрвандӣ, задухӯрдҳои дохилӣ ва дигар нобасомониҳо қурбон мешаванд, баргардонидан имконнопазир аст.
Худованди Карим ба ҳар бандааш ақл додааст ва мо бояд шукргузор бошему аз рӯйи ақли солим амал карда, ба қадри тинҷию оромии кишвар расида, онро ҳифз намоем.
Ҳоҷӣ Карамулло Одилов, Корманди шоистаи Тоҷикистон