-мегӯяд раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан Абдуваҳҳоб Қаюмов
Дар шаҳри Москва тайи чанд сол аст, ки аввалҳои моҳи декабр бо ибтикори осорхонаи «Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ва Хазинаи хайриявии ба номи Лариса Лепс, бо сарпарастии Иттиҳодияи ҷамъиятии металлургӣ (ОМК) ба истиқболи 70 -солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд, ки дар он аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ намояндаҳо иштирок мекунанд.
-Дар чорабинии соли гузашта аз Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ нафар, аз ҷумла аз вилояти Суғд се нафар: Нурмаҳмад Холов, Абдуҳамид Йӯлдошев-иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияҳои Ғончӣ ва Бобоҷон Ғафуров ва банда аз шаҳри Истаравшан ширкат варзидем,-мегӯяд раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан Абдуваҳҳоб Қаюмов.
-Моро аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москва намояндагони шаҳрдорӣ истиқбол карда, дар яке аз меҳмонхонаҳои беҳтарин, ки «Золотой колос» ном дорад, ҷой карданд. Дар доираи ин чорабиниҳо ҳайати мо бо бисёр иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони ақибгоҳи ҷумҳуриҳои ба мо дӯсти Қазоқистон, Молдова, Федератсияи Россия, Украина, Гурҷистон мулоқоту вохӯриҳо гузаронид. Чорабиниҳои асосӣ рӯзи 7-уми декабр дар боғи Ғалабаи шаҳри Москва дар мавзеи «Кӯҳи таъзим» (Поклонная гора)-и осорхонаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ барпо гардид. Даставвал мо дар қатори дигар меҳмонон аз ин осорхона, ки дар он маводу нигораҳо аз саршавии ҷанг то рӯзи Ғалабаи бузург аз рӯзгори ҷанговарон, қаҳрамонон, фармондеҳҳо, халқи ақибгоҳ ба намоиш гузошта шудааст, дидан кардем. Дар ҳамин ҷо як толори хеле боҳашамат ба қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ бахшида шудааст, ки «Толори Шараф» ном дорад ва дар девораҳои он ному насаб, санаи таваллуд, таърихи ноил шудан ба ин унвони олӣ бо хатҳои заррин навишта шудааст.
Баъд аз он дар толори калони осорхона чорабинии асосӣ бо номи «Базми Ғолибон» (Бал Победителей) баргузор шуд. Дар ин ҷо барои иштирокчиён дастурхони идона густурданд. Иштирокчиёни маҳфилро Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин, муовини Мири шаҳри Москва ва Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Д.Т. Язов табрик гуфтанд. Дар консерти калон бошад, ситораҳои санъати Федератсияи Россия ҳунарнамоӣ карданд. Мо бо бисёре аз иштирокчиён ва ҳунармандони машҳури рус, аз ҷумла Иосиф Кобзон, сурати якҷоя гирифтем. Ба ҳамаи иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла китоби Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Д.Т. Язов «Панфиловчиён дар муҳорибаҳо баҳри Ватан» тақдим карда шуд. Ҳайати гурӯҳи мо дар фосилаи чорабиниҳо аз ҷойҳои таърихӣ ва зебоманзари шаҳри Москва, аз ҷумла Майдони Сурх ва Мақбараи Ленин, дидан карда, бо таассуроти бою рангин ба Ватан баргашт.
-Бори дигар дар ин сафар мо ба қувва ва иқтидори дӯстии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки асоси Ғалабаи бузургро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъмин карда буданд, бовар кардем ва ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ даъват ба амал оварданд, ки дӯстии халқҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқро идома дода, ҷавононро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем,- гуфт Абдуваҳҳоб Қаюмов.
Таҳияи Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»