Дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти «Шаҳристон»- и ноҳияи Шаҳристон мулоқоти аҳли ҷомеаи ноҳия бо сардори иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Завқиев, сармутахассиси ин шуъба С. Қодиров, корманди Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Виркани Музаффар доир шуд.
С.Завқиев зимни баёни мазмун ва муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат, ки 4 июли соли равон дар шаҳри Душанбе доир шуд, таъкид намуд: «Фаромӯш набояд кард, ки арзишҳои маънавию ахлоқии исломӣ дар тӯли таърихи худ бар асари омилҳои сиёсӣ борҳо зери хатар мондааст. Аммо донишмандон ва мутафаккирони динӣ ҳамеша кӯшиш кардаанд, ки мардумро ба роҳи рост ва маърифати воқеии исломи муътадил раҳнамойӣ кунанд. Аз ин рӯ, ба олимон ва ходимони дини мо зарур аст, ки барои таъмини амнияту осоиши кишвар, бо истифода аз имкониятҳои фикриву зеҳнии хеш, дар ҳалли масъалаҳои мубрам саҳми босазо бигиранд, ҳамон тавре ки дар вақташ пири мазҳабамон Имоми Аъзам ва шогирдонаш мардумро ба амалҳои нек, таҳаммулгаройӣ ва сулҳу субот даъват мекардаанд».
Дар мулоқот корманди Маркази исломшиносӣ Виркани Музаффар, сархатиби масҷиди «Нури ислом» Мирзоабдулло Калонзода ва мудири шуъбаи оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов ба сухан баромада, ҳозиринро ба ҳушёрӣ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват намуданд.
Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»