СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар таътили тобистона 120 нафар кӯдакони ятим аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба истироҳатгоҳ фаро гирифта шуданд.
Ин кӯдакон, ки бо ҳукми тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, дар Маркази солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи «20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» истироҳат намуданд.
Ҳамзамон ба кӯдакон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Бояд гуфт, ки дар давоми истироҳат кӯдакон аз ҷойҳои таърихии Қасри Арбоб, осорхонаи вилоятӣ, маҷмааи фаввораҳо ва хиёбони Исмоили Сомонӣ, ҳавзи шиноварӣ ва дигар мавзеъҳои зебои маркази вилоят дидан карданд.