Солҳо мегузаранд. Сохти ҷамъиятӣ тағйир меёбад. Аммо аҳамияти оламшумули Ғалаба бар фашизми Германия ҳаргиз кам нашуда, баръакс тамоюли афзоишро касб менамояд.
Халқи тоҷик низ баробари дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин Ғалабаи таърихӣ саҳми сазовор гузоштааст. Барои корнамоиҳои ҷангӣ 64 нафар фиристодагони Тоҷикистон сазовори унвони олӣ- Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, зиёда аз 50 ҳазор нафар бо мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз шудаанд. Намояндагони Тоҷикистон дар муҳимтарин ва шиддатноктарин муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд.
Гулов Қурбоналӣ 1 январи соли 1924 дар деҳаи Синҷитаки деҳшӯрои Дараи Калоти собиқ ноҳияи Сарихосор дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ дар ҳамин деҳа ба камол расида, мактаби ҳафтсоларо хатм намудааст. Якуми ноябри соли 1942 аз Комиссариати ҳарбии ноҳия барои сафарбар шуданаш ба ҷанг даъватнома гирифт. Қатора ӯро бо ҳамсафаронаш аз Душанбе ба Сталинград овард. Дар ин ҷо ба ӯ ва ҳамроҳонаш таълим доданд. 24 ноябри соли 1942 Қурбоналӣ Гулов дар ҳайати Дивизияи 1-уми артиллерии батареяи 4-ум савганди ҳарбӣ ёд намуда, барои несту нобуд кардани фашистони истилогар вориди майдони муҳориба шуд.
Моҳи декабри соли 1942 командири полк ба Қурбоналӣ Гулов ва ҳамроҳонаш фармуд, ки бо сапёрҳояш пеш гузашта, истеҳкоми душманро нобуд созанд. Субҳ даста яктаҳи сафед дар тан аз болои барф ноаён хазида, пеш мерафтанд. Бешаи пурасрор сокит буд. Қ.Гулов мефаҳмид, ки душманро бо сабру тамкин фиреб додан мумкин аст. Хунукӣ то мағзи устухон расид, вале ӯ ва шариконаш наҷунбида мехобиданд. Ниҳоят тиркаши девори қалъаро муайян карданд. Қурбоналӣ Гулов хост наздиктар рафта, мина гузорад. Сарашро андаке боло бардошта буд, ки тирҳои пулемёт ба атрофаш рехтанд. Чӣ бояд кард? Дар саҳрои кушод ҳамаамон нобуд мешавем. Ҷанговари тоҷик аз ҷой ҷаҳида, гранатаро сӯйи тиркаш ҳаво дод. Онҳое, ки дар қалъа буданд, лаҳзае лаб фурӯ бастанд. Ҳамин, ки ноқили минаро ба таги девор кашиданд, пулемёт боз тир холӣ кардан гирифт. Аз гирду пеш тирҳо мепариданд, вале аскарони советиро дигар боздоштан душвор буд. Қ. Гулов ҷон дар каф ниҳода, нимхез шуд ва нӯги симро гӯгирд зад. Истеҳкоми бетонии душман таркид. Барои ин корнамоияш ба Қурбоналӣ Гулов Раҳматномаи Сарфармондеҳи Олӣ И.В. Сталин супорида, ба Комиссариати ҳарбии собиқ ноҳияи Сарихосор ба номи волидонаш — бобои Гулаҳмаду момаи Сафармоҳ мактуби миннатдории командири полк фиристода шуд. Аз гирифтани ин мактуб дар чашмони волидонаш ашки шодӣ ҳалқа зад.
Моҳи феврали соли 1943 Қурбоналӣ Гуловро ба баталёни алоҳидаи 204-уми муҳандисӣ гузарониданд, ки ҳамчун сарбози пуртаҷрибаву зирак майдонҳои минахобонидашудаи душманро тоза намояд, то ин ки қӯшунҳои шӯравӣ амалиётҳои ҷангиашонро иҷро намоянд.
Баъди ҷанг Қурбоналӣ Гулов дар ҳайати баталёни муҳандисии 7-ум минаҳои душманро безарар намуда, барои хизматҳои ҷангиаш бо нишони сарисинагии «Аълочии корҳои минатозакунӣ» мукофотонида шуд.
Ҷанговари ҷасур Қурбоналӣ Гулов 25 январи соли 1947 бо сари баланд ба назди ҳамватанонаш баргашт ва бо ҳамсараш Мевагул зиндагии хушу хуррамона гузаронида, соҳиби ду духтар ва як писар мегардад. Солҳои охир ветерани ҷангу меҳнат Қурбоналӣ Гулов дар шуъбаи алоқаи ноҳияи Вахш дар вазифаи хаткашон меҳнати софдилона намудааст.
28 октябри соли 1999 бобои Қурбоналӣ аз дунё чашм пӯшид.
Давлат ХАЛИЛ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон