Ҳунарҳои мардумӣ эҳё мешаванд

Атлас ва адраси Хуҷанд эҳё гардид

№142 (3288) 26.11.2014

Атлас

Бо дастуру супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонистеҳсоли  атласу адраси тоҷикӣ  дар Хуҷанд ба роҳ монда шуд

Ба ин муносибат дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Иди атлас ва адраси Хуҷанд — 2014» баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки аввалин маротиба ба озмуни анъанавии атлас калимаи адрас низ ҳамроҳ гардид.

Дар тантанаи озмун раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки бо ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.

Эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ ифтихор аз гузаштаи пурғановати фарҳанги миллӣ мебошад.

Ҳадафи асосии ин иқдом, пеш аз ҳама, рӯй овардан ба асолати миллӣ буда, ҳамзамон баҳри бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дарёфти корҳои баландмузд барои занони ҳунарманд ва хонашин мусоидат менамояд.

Атлас ва адраси миллӣ аз замонҳои қадим дар рӯзгори мардуми тоҷик мақоми хоса дорад.

Муаррих Назирҷон Турсунов муътақид аст, ки аввалин вожаи «атлас» дар «Таърихи Табарӣ» оварда шудааст. Муаллифи рисолаи «Ҳудуд-ул-олам» менигорад, ки дар асрҳои IX-Х шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Фарғона марказҳои маъруфи истеҳсоли порчаҳои пахтагӣ, абрешимӣ маҳсуб меёфтанд.

Тӯли асрҳои Х-XV Хуҷанд бо истеҳсоли абрешими сифаташ аъло, навъҳои матоъҳои пахтагии тораш абрешиму пудаш ресмон ва порчаҳои соф абрешимини суфтаю силиқ ва нақшу нигордор маъруфу машҳур буд. Хусусан шоҳӣ, атлас, адрас, подшоҳӣ, беқасаб, хоса, қоқӣ ва карбоси Хуҷанд, Конибодом, зарбофти Исфара, матоъҳои тибитӣ, қаламӣ, алоча, чити Истаравшан харидорони зиёд доштанд.

Вожаи «атлас» дар маъхазҳои хаттии суғдӣ, абёти алломаҳо, шоирон, адибон, аз ҷумла Абӯсаиди Абулхайр, Саъдии Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ зикр шудааст.

Исмҳои устоҳои номвари атласбоф, шоҳибоф, адрасбоф, пиллакаши Хуҷанд дар ҳуҷҷатҳои бойгониҳо ва асарҳои таърихӣ-этнографии асрҳои XIX-ХХ номбар шудаанд. Аз ҷумла дар намоишгоҳи соли 1869 намунаҳои олии матоъҳои абрешимини эҷодкори барҷаста Бобо Ҳасаншайхов бо ифтихорномаи дараҷаи якум ва соати тиллоии генерал-губернатори Туркистон мукофотонида шуданд. Дар намоишгоҳи саноатии Осиёи Миёна дар шаҳри Тошканд соли 1886 хуҷандиён Мир Раҳим, Турсун Муҳаммадов, Зоҳид Тӯра, Аҳмад Баротбоев, Мир Исмоил Қурбонов, Саид Носир, Муҳаммад Раҳимҷонов, Акрам Саидҷонов, Муҳаммад Раҷабов шоҳкориҳои абрешимини худро пешкаши тамошобинон намуданд.

Мутаассифона, дар як давра арзишҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла ҳунарҳои миллӣ ночиз ва беқадр гаштанд. То имрӯз дар баъзе деҳаҳо, аз ҷумла деҳоти атрофи шаҳри Хуҷанд, дар Рӯмону Ӯнҷӣ мардум дастгоҳҳои нодири атласу адрасбофии худро нигоҳ медоранд. Аз ҷониби косибон — адрасбофон Иброҳим Мамадҷонов ва Назокат Хоҷаева ба роҳ мондани омӯзиши ҳунари адрасбофӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров далели ин гуфтаҳост, — афзуд раиси вилоят.

Иқдоми неки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бобати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, бахусус дар вилояти Суғд боиси дастгирӣ ва ифтихор аст. Маҳз тибқи дастури Президенти мамлакат соли равон содироти пилла ба хориҷи кишвар манъ шуда, коркарди пурсамари он дар корхонаҳои саноатии кишвар роҳандозӣ гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии он эҳёи истеҳсоли матои абрешим ва атласу адраси миллӣ буд. Дар ин замина соли равон корхонаи «Хуҷандатлас» аз сари нав эҳё гардида, ба фаъолият оғоз намуд.

Дар ин раванд бо ибтикор ва иштироки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар шаҳри Хуҷанд Маркази таълимӣ – истеҳсолии қолинбофии дастии «Шероз» ва дар назди коргоҳи ВТ СИЛК Маркази таълимӣ-истеҳсолӣ оид ба ҳунари адрас ва атласбофии дастии «ВетТоҷ» ифтитоҳ ёфт. Дар маросими ифтитоҳи он 153 намуди ҳунарҳои дастӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, ҳунармандон аз ҷониби Президенти кишвар баҳои баланд гирифтанд.

Дар ин рӯз ба 13 нафар ғолибони озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем» мукофотҳои пулӣ супорида шуд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба як қатор занони ҳунарманде, ки дар корхонаи муштаракаи «ВетТоҷ» курсҳои омӯзишии адрасбофиро хатм кардаанд, аз ҷумла Махфират Ҳасанова, Файзинисо Раҳматзода, Умрӣ Аҳмадова ва Мағруба Одинаева дастгоҳҳои адрасбофӣ туҳфа намуд.

Мухтори Абдулло