Ҷавонон ва ҷомеа

Ҷавонони Истаравшан Президенти худро дастгирӣ мекунанд

№87 (3072) 12.07.2013

Бо мақсади фаҳмонидани моҳияти суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан тибқи нақша-чорабинии хеш бо ҷавонони шаҳру деҳоти Истаравшан вохӯрӣ баргузор намуд.  Он аз ҳисоби тарғиботчиёни ҷавон, махсусан иштирокчиёни ин мулоқот бо сокинони деҳоти Нофароҷ, Ниҷонӣ, Зарҳалол, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ васеъ ба роҳ монда шуд. Дар литсейи касбӣ-техникии №14, омӯзишгоҳи тиббӣ, литсею гимназияҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаии умумии шаҳру деҳот низ чунин вохӯриҳои судманд баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки аз шаҳри Истаравшан дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони кишвар (23 майи соли 2013) 12 нафар ҷавонон ширкат варзиданд.

Дар ин мулоқотҳо асосан ду масъала: бардошти ҷавонони шаҳру деҳот аз ин чорабинӣ ва муносибати онҳо ба баъзе ҳодисаю воқеот ва зуҳуроти номатлуб, ки дар остонаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омада истодаанд, иборат буд.

Зимни ин вохӯриҳо мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Фозилҷон Бобоев, иштирокчиёни мулоқот бо Президенти кишвар- сарвари гимназияи №4 Баҳром Примқулов, корманди раёсати кишоварзӣ Афзуналӣ Абдуваҳҳобов, корманди масъули Агентии «Тоҷикстандарт» Худоёр Маъруфов ва дигарон моҳияти баромади Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷавонон фаҳмонида доданд. Аз ҷумла дар суханронии хеш ҷавонони фаъоли шаҳру деҳот дар остонаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омадани баъзе зуҳуроти номатлубро дар асоси баромаду намоишҳои дурӯғин, тасвири нодурусти зиндагию таҳаввулоти рӯзгори мардуми кишварамон ва соири муборизаҳои иттилоотии сохта сахт маҳкум намуданд.

Яке аз иштирокдорони мулоқот, сарвари гимназияи №4-уми шаҳр Баҳром Примқулов андешаҳои худро дар ин маврид чунин баён дошт:

- Агар бо таъбири худи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тантанаҳои ҷашни мубораки 2500 -солагии Истаравшан дар Қалъаи Муғ 10-уми сентябри соли 2002 сурат гирифта буду дар он ҷо мардуми шаҳри моро «Мардони банангу ору номус» номиданд, бигӯем, ҷавонони бо нангу ору номуси Истаравшан бештар аз ҳама ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар ихлос, эҳтиром ва муҳаббати беандоза доранд, зеро маҳз ба шарофати дастгирию пуштибонии ин фарзанди фарзонаи миллат ҷашни бошукӯҳи 2500- солагии шаҳри мо ботантана доир гардид ва дар он намояндагони зиёда аз бист давлати дунё иштирок доштанд.

Ба шарофати сиёсати ободкориву созандагии Сарвари давлатамон, фарҳанги волову маърифати баланди миллӣ доштанашон имрӯз халқи тоҷик соҳиби қаҳрамонони худ гашт, «Шашмақом»-у «Фалак» мақоми давлатӣ гирифт, ҳазорон мактабу донишгоҳҳои нав қомат афрохт, садҳо варзишгоҳҳои бошукӯҳ эъмор шуда, имрӯз даҳҳо қаҳрамонони варзиши тоҷик Парчами давлати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта истодаанд.

Як ишораи Сарвари давлатамон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ҳини мулоқот бо шаҳрвандон боиси табдил ёфтани варзишгоҳи хурд ба варзишгоҳи бузурги замонавии дорои 18000 ҷой шуд. Худи ман ҳарчанд бори аввал дар мулоқоти Сарвари давлатамон ширкат варзидам, нисбати он кас ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат эҳтироми беандоза дорам.

Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан Фозилҷон Бобоев дар суҳбат арз кард, ки тамоми ҷавонони шаҳру деҳоти Истаравшан сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, иғвогариҳои душманони кишварро сахт маҳкум мекунанд.

- Дигаргунию музаффариятҳо, сохтмони нақбу неругоҳҳои барқи обӣ, ташкили даҳҳо корхонаҳои саноатию тавлидотӣ, эъмори садҳо муассисаву ташкилотҳои таълимию фарҳангӣ, беҳдошти зиндагии мардуму боло рафтани ҷаҳонбинӣ ва диду маърифати мардум олами ботинии сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Истаравшанро билкул дигар кард.  Мардуми Тоҷикистон имрӯз мардуми 15-20 сол пешина нест. Имрӯз ҳама, ба қавле «сафедро аз сиёҳ фарқ мекардагӣ шудаанд» ва дигар ба суханони Додоҷон Атовуллоев барин «Ватандор»-и дар асл беватан асло бовар намекунанд. Мардуми шарифи Истаравшани бостонӣ низ, дар қатори ҳамаи сокинони Тоҷикистон, дар паҳлуи Эмомалӣ Раҳмон барин шахсони бузургу шоистаи миллат чун сарбози вафодор ба Ватану Тоҷикистон истода, дар татбиқи амалии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми қувваю ғайрати хешро сафарбар мекунанд. Дар мавриди «сухангӯиҳо»-и Д.Атовуллоев бошад, мардумон мегӯянд: «саг меҷакад, вале корвон ба роҳи худ равон аст».

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум»