Авроқи нотамом

№149 (3295) 15.12.2014

Ёдномае аз кору рӯзгори як марди шариф

Чанде қабл ба воситаи яке аз собиқадорони соҳаи матлуботи тоҷик Усмонҷон Юсуфов, ки зиёда аз 30 сол инҷониб дар ҳамин ришта кор карда, имрӯз вазифаи сардори шуъбаи ташкилӣ ва кор бо ихтисосмандони раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғдро ба дӯш дорад, дафтари хотироте ба дастам афтод, ки аз хотироти як тан аз фидоиёни матлуботи тоҷик иборат буд.

-Ин кас инсони бузург буданд, хонда бинед, шояд барои таҳияи маводе ба шумо лозим шавад,- гуфт Усмонҷон Юсуфов.  Дафтари хотиротро варақ мезанам, саҳифаҳои он бо мурури замон зард шуда, ҷо-ҷо даридаанд.

Муаллиф Ҳакимов Абдуллоҷон Абдувалиевич дар бораи худаш, падару модар ва аҷдодонаш, роҳи тайкардаи пурпечутоби рӯзгораш, азобу машаққати кашидаи аҳли оилаашон дар солҳои аввали баъдиҷангӣ ва заҳмату пайкорҳояш дар роҳи омӯзиши илм муфассал навиштааст.

Дар бораи ин марди фидоӣ аз матлуботчиёни зиёде, ба монанди Яъқубҷон Игамбердиев, Мунаввара Раҳимова, Камолҷон Абдуллоев, Садриқул Остонов, Ҳамроқул Қӯлдошев, Сафар Сафаров ва дигарон, ки аз шогирдони Абдуллоҷон Ҳакимов маҳсуб ёфта, аз дастгириву раҳнамоиҳои ӯ бархӯрдор шудаанд, бисёр шунидаам.

Матлуботчиёни вилояти Суғд номи Абдуллоҷон Ҳакимовро дар радифи сарварони оқилу кордон, ғамхору ташкилотчӣ, созандаву  ободкори ин соҳа Арслонбек Ғозибеков, Имомназар Худойназаров ва Ислом Аловаддинов гузоштаанд.

Аз навиштаҳо бармеояд, ки падари Абдуллоҷон -Абдувалӣ Ҳакимов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои дароз дар соҳаи савдо ба ҳайси мудири мағоза, анбор, директори идораи хӯроки умумии ноҳияи Мастчоҳ ва ғайра кор кардааст. Мавсуф дар бораи бибию бобоҳои худ, хоҳарону додаронаш маълумоти муфассал дода, хусусан бобати модаркалони модариаш Гулсун Қосимова, ки зани доною босавод будааст, бомуҳаббат қалам меронад. Модараш Саломат Алиева аз модари худ бисёр ҳунару хислатҳои некро ба мерос гирифтааст.

Ҳанӯз дар синни мактабхонӣ бо сабаби нодорӣ Абдуллоҷони наврас маҷбур мешавад, ки дар мағозаи амаки Мансураш танҳо ба хотири рӯзгузаронӣ пул кор кунад. Соли 1959 ӯ мактаби миёнаро хатм карда, аз соати 7-и саҳар то 10-11-и шаб кор мекард. Сипас, бо мақсади таҳсил ба шаҳрҳои Москваю Тбилиси рафта, саргардониҳои зиёдеро паси сар карда, билохира, ба факултети молшиносии Университети давлатии шаҳри Боку дохил мешавад.

Ӯ дар навиштаҳои худ панҷ соли таҳсилаш дар шаҳри Боку, зебоиҳои он, дӯстони озариаш, меҳмоннавозиҳои ин мардум ва пас аз итмоми ин мактаби олӣ роҳхат гирифтанашро ҳамчун мутахассиси ҷавон ба Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Гурйеви РСС Қазоқистон ба риштаи тасвир кашидааст.

Абдуллоҷон Ҳакимов ду маротиба — як бор ба сифати аскар ва дафъаи дуюм ба ҳайси афсар дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо меоварад.

Баъдан, ба зодгоҳаш — собиқ шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) баргашта, чандин сол дар соҳаи саноати савдои шаҳрӣ, Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят ва ғайра кор карда, байни мардум соҳиби обрӯю эътибори хоса мегардад.

Мавсуф дар ёддоштҳои худ менависад, ки даҳ сол дар вазифаи муовини сардори Идораи савдои маводи саноатии шаҳри Ленинобод, баъдан панҷ сол дастурдеҳи (инструктори) Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 1987 аъзои Шӯрои Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти мазкур ӯро ба ҳайси раиси раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Ленинобод интихоб мекунанд. Ҳашт соли расо ӯ дар ин вазифаи пурмасъулият кор карда, дар ин муддат даҳҳо мутахассисони баландихтисосро тарбият карда, дар сохтмони даҳҳо иншооти хизматрасонӣ саҳми босазо гузоштааст.

Аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалӣ Маҳкамов, ки солиёни зиёд бо Абдуллоҷон Ҳакимов дар Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Ленинобод ҳамкор будааст, хотироти худро чунин иброз намуд:

-Баъди ташкил шудани вилояти Ленинобод муовини раиси Идораи савдои саноатии шаҳри Ленинобод Абдуллоҷон Ҳакимовро бо тавсияи Кумитаи шаҳрии ҳизб ба Кумитаи вилоятӣ ба кор гирифтанд. Ман бо номбурда дар як ошёна кор мекардем. Он кас одами ҳалиму меҳрубон, кордону босавод ва дорои маданияти баланди роҳбарӣ буданд. Соҳаи худро бисёр нағз медонистанд ва дере нагузашта номзадии он касро ба вазифаи раиси раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят пешбарӣ карданд ва ин марди закиву чашмикордон дар ин вазифаи масъулиятнок солҳои дароз кор карданд.

Абдуллоҷон Ҳакимов дар дафтари хотироти худ дар бораи аз 10 октябри соли 1971 ба Мунаввара Ҳакимова (ҳоло номзади илми психология ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) хонадор шуданаш, се фарзандаш: Фарҳодҷон, Мавҷудахон ва Мавзунахон, дар бораи даҳ наберааш бо дӯстдорӣ сухан карда, ҳар яки онҳоро ном ба ном, бо рӯзу моҳу соли таваллудашон  ёд мекунад.

26 августи соли равон дар синни 73-солагӣ қалби пуршӯри мавсуф аз тапидан бозмонд. Рӯҳаш шоду манзили охираташ обод бод!

Ба қавли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ:

Саҳфаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,

Инчунин гуфт хирадманд, ки андеша гумошт:

Хуррам он кас, ки дар ин дафтари пок аз ҳама давр,

Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт!

 

Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»