Аз ҳавои муносиб истифода мебаранд

№49 (3034) 22.04.2013

ШАҲРИСТОН (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Мувофиқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия, кишоварзон имсол ният доранд, ки дар майдони умумии 7224 гектар замин кишти баҳорӣ гузаронанд. То имрӯз дар майдони зиёда аз 4 ҳазору 300 гектар кишт анҷом ёфт. Хоҷагиҳои деҳқонӣ — фермерии «Ободӣ» дар майдони зиёда аз 700 гектар, «Суғдиён» наздик ба 800 гектар, «Навкент» зиёда аз 500 гектар, ба номи Н. Содиқов ба зиёда аз 100 гектар кишти тирамоҳӣ гузарониданд. Акнун онҳо ният доранд, ки аз фурсату ҳавои муносиб истифода бурда, кишти баҳориро низ сари вақт анҷом диҳанд.