Сокинони ноҳияи Ғончӣ баҳри амалӣ намудани иқдомҳои неки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати густариш бахшидани корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ ва ободонӣ, ки дар ҳар як Паёми Сарвари давлатамон таъкид мешаванд, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда истодаанд.
Тавре дар Паёми навбатии Сарвари давлат зикр гардидааст, пешрафти босуботи иқтисоди кишвар дар асоси санадҳои барномавӣ, пеш аз ҳама, Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ таъмин гардида, иҷрои саривақтӣ ва самараноки онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Ғончӣ ноҳияи аграрист. Дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки «дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии мустақим дорад». Дар ин ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз бобати аз кишвари аграрию саноатӣ ба мамлакати индустриалию аграрӣ мубаддал сохтани Тоҷикистон таъкид гардид.
Кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ тасмим гирифтаанд, ки дар майдони 29469 гектар кишти баҳорӣ гузаронанд. То санаи 1 июни соли 2014 дар майдони 25420 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шуд ва дар назар аст, ки иҷрои нақшаи кишти баҳорӣ таъмин мегардад.
Дар ноҳия дурнамои нигаҳдории саршумори моли калон, моли майда, асп ва паранда таъмин мегардад. То ҳол наслгирӣ аз моли майда 6300 сарро ташкил додааст ва он иҷрои дурнаморо сад дар сад таъмин менамояд.
Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 36341 гектар заминҳои корам мавҷуд буда, аз он 12200 гектар заминҳои корами обӣ мебошад. Дар ҳолати обёрӣ намудани заминҳои корами лалмӣ аз ҳисоби оби «Даҳкатсой» ва кофтани чоҳҳои амудӣ ният дорем, ки истеҳсоли ангур, мева, полезиҳо, сабзавот, ғалла, картошка ва дигар маҳсулотро беш аз 1,5 маротиба афзоиш диҳем. Ҳамчунин бунёди корхонаҳои хурди маҳсулоти кишоварзиро ба нақша гирифтаем.
Дар Паёми имсолаи Сарвари давлатамон омадааст, ки «Дар доираи иҷрои Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» то имрӯз қариб 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, беш аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст». Мо ба иҷрои саривақтии дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани майдони боғу токзор диққати ҷиддӣ дода истодаем.
То имрӯз оид ба иҷрои Барномаи давлатӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 102 гектар боғу токзори нав бунёд карданд.
Дар ноҳия бояд 262 хоҷагиҳои кишоварзӣ мавриди таҷдид қарор дода шаванд. То ҳоло ба ин масъала беш аз 2000 ариза ворид гардида, 597 хоҷагиҳои нав ташкил карда шуданд, Хоҷагидорон 196 адад Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро соҳиб шудаанд.
Нисбати таъмини хоҷагиҳои таҷдидшуда бо оби полезӣ ташкили Ассотсиатсияҳои истифодабаранадагони об бамаврид мебошад. Дар ин самт низ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, алҳол 18 адад чунин ассотсиатсияҳо ташкил шуданд. Бо мақсади таъмин намудани кишоварзон бо нуриҳои минералӣ ва тухмиҳои хушсифат аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ панҷ мағозаи таъминоти нурӣ ва тухмӣ ташкил карда шуданд. Ҳамзамон ташкили фермаҳои хурди чорводорӣ, бунёд намудани боғҳои анор, гармхонаҳо ва ташкили бошишгоҳҳои саҳроӣ низ ба назар гирифта шудаанд.
Сарвари давлатамон дар Паёми имсолаи хеш солҳои 2014-2020-ро давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон кардаанд.
Мо дастгирии соҳибкории хурду миёна, алалхусус соҳибкории истеҳсолиро яке аз вазифаҳои муҳими хеш ҳисоб мекунем.
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Спитамен» дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 228 ҳазору 500 сомонӣ расонид. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар назди коргоҳ сехи истеҳсоли хиштҳои ороишӣ низ ба роҳ монда шавад. Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот афзун гардида, барои ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ имконият фароҳам меоварад. Дар ноҳия сохтмони заводи сементбарорӣ дар назар аст.
Дар деҳаи Муҷуни деҳоти «Муҷун» корхонаи коркарди шир ба кор андохта шуд, ки ба сокинони деҳаҳои ҳудуди ҷамоати мазкур хизмат расонида истодааст.
Дар деҳаи Қалъаи Мирзобои деҳоти «Ваҳдат» низ ташкили корхонаи коркарди шир ба нақша гирифта шудааст, ки давоми сол мавриди истифода қарор дода мешавад.
Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар доираи нақша-чорабиниҳо маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, ташкиливу хоҷагӣ ва истеҳсоливу иттилоотӣ, ки ба рушди соҳибкорӣ мусоидат менамоянд амалӣ шуда истодааст. Зикр бояд намуд, ки дар ноҳия 1250 нафар соҳибкорон фаъолият дошта, даҳ филиали бонкҳо давоми сол ба 4760 нафар мизоҷон ба маблағи 19 миллиону 315 ҳазору 58 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок доданд, ки аз он ба соҳаи кишоварзӣ 8 миллиону 161 ҳазору 414 сомонӣ, ба соҳаи сохтмон 5 миллиону 751 ҳазору 835 сомонӣ ва дигар соҳаҳо 586 ҳазору 109 сомониро ташкил медиҳад.
Баҳри бо кор таъмин намудани занон ва духтарони хонашин ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, аз қабили қолинбофии дастӣ, сӯзанидӯзӣ, дӯзандагӣ ва чакманбофӣ дар ноҳия эҳё шудаанд. Барои мисол, дар деҳоти «Ваҳдат» занҳои деҳа ба гилембофӣ машғул мебошанд.
Ҳунари сӯзанидӯзӣ бошад, аз ҷониби занони деҳаи Ҳавутаки деҳоти «Муҷун» ба роҳ монда шудааст, ки онҳо дар хонаҳои шахсиашон фаъолият менамоянд.
Ҳунари чакманбофӣ дар деҳаи Зарнисори деҳоти «Ғазантарак» ривоҷ ёфтааст.
Ҳамзамон дар назди омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии рақамҳои 38 ва 64 маркази таълимии гилембофӣ ташкил карда шуда истодааст.
Тайи солҳои охир ҷиҳати бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ низ корҳои муайян амалӣ шудаанд. Хатти дуюми оби нӯшокии худҷоришавандаи Ҳазорчашма-Ғончӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, бомаром идома дорад. Тариқи ҳашар, бо ҷалби шахсони саховатпеша беш аз 20 км хатҳои оби нӯшокӣ дар деҳаҳои дурдасти ноҳия гузаронида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Доир ба таъмини иҷрои қарори раиси вилояти Суғд аз 10 январи соли 2014 № 15 «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи вилоятии «Соли 2014-соли роҳҳои обод» дар ноҳия корҳои муайян ба сомон расонида шуда истодааст.
Дар ин ҷода Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ дар оянда низ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода хоҳад кард.
З. ИСМОИЛЗОДА, раиси ноҳияи Ғончии вилояти Суғд