Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№74 (3220) 08.07.2014

аз рӯйи дархости раиси собиқ Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» Самадова Д.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои  дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 258 «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба моддаҳои 14, 28 ва 30 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе, 24 июни соли 2014

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисику- нанда — раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ғаниев Ҷ.,

тарафҳо:

раиси собиқ Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» Самадова Д.Т. — тарафе, ки дар асоси дархости ӯ мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст;

Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон — намояндагони тарафҳое, ки конститутсионӣ будани қонуни қабулкарда ва ба имзо расонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

Даъватшудагон:

Мирсайзод Ҳаким Саид — муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кишварзода Абдурашид — муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Саидзода Ҷамолхон Шариф — муовини якуми раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Қодиров Тоҳир Қамарович — раиси коллегия оид ба корҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Бадриддинова Раҷабмоҳ — сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рӯйи дархости раиси собиқ Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» Самадова Д.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои  дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 258 «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба моддаҳои 14, 28 ва 30 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Гулзорова М.М., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

муайян кард:

Раиси собиқ Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» Самадова Д.Т. бо дархост ва дархости иловагӣ ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки 28 июни соли 2012 намояндагони Раёсати адлияи вилояти Суғд ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти «Ампаро»-ро мавриди санҷиш қарор дода, 29 июни соли 2012 дар хусуси барҳам додани фаъолияти он ба суди шаҳри Хуҷанд аризаи даъвогӣ пешниҳод намуданд.

Раёсати адлия аризаи даъвогии худро бо он асоснок намудааст, ки «Ампаро» дар давраи фаъолияташ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва меъёрҳои Оинномаи худро вайрон намуда:

-бе қарори мақоми олиаш — раёсати ташкилот, суроғаи ҳуқуқиашро тағйир дода, ҳуҷҷатҳоро оид ба ин масъала барои бақайдгирии давлатӣ ба Раёсати адлияи вилояти Суғд пешниҳод накардааст;

-зерсохторҳои худро дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бе риояи тартиби муайяншудаи бақайдгирӣ кушодааст;

-сомонаи интернетӣ таъсис дода, аз номи ташкилот ҳар гуна мақолаҳоро ҷойгир намудааст;

-барои талабагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияҳои Спитамен, Б. Ғафуров ва мактаб-интернати шаҳри Чкалов бе иҷозатнома машғулият гузаронидааст;

-роҳбари «Ампаро» бе таъсис додани мақоми олии иҷроия, яъне раёсати ташкилот қарор қабул намудааст.

Суди шаҳри Хуҷанд бо ҳалномаи худ аз 24 октябри соли 2012 аризаи даъвогии Раёсати адлияро қонеъ гардонида, бо дастрасии моддаҳои 34, 35 ва 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» барҳам додани «Ампаро»-ро раво дидааст.

Муроҷиаткунанда бо ҳалномаи номбурда розӣ нагашта, 28 ноябри соли 2012 аз болои ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд шикояти кассатсионӣ овардааст.

Дар асоси қарори Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд аз 15 январи соли 2013 ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 24 октябри соли 2012 бетағйир ва шикояти кассатсионии намояндаи ҷавобгар беқаноат мононда шудааст.

Санаи 7 январи соли 2014 ба Раёсати суди вилояти Суғд аз тарафи намояндаи ҷавобгар шикояти назоратӣ пешниҳод карда шуд, ки суди вилояти Суғд 23 январи соли 2014 ирсоли парвандаи гражданиро барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ рад кард.

Ба андешаи муроҷиаткунанда сархати сеюми қисми 2 моддаи 34, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ки Раёсати адлия ва суди шаҳри Хуҷанд онҳоро дастрас карда, «Ампаро»-ро барҳам доданд, боиси поймол ва маҳдуд шудани ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо оид ба ҳифзи судӣ ва муттаҳид шудан дар иттиҳодияи ҷамъиятӣ гардидааст.

Ассотсиатсия андешаашро бо он асоснок менамояд, ки тибқи тавзеҳоти Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон оид ба шарҳи мод-даи 22 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ (ПБҲФС), давлат ба маҳдудкунии ҳуқуқи шахсони воқеӣ ба озодии ассотсиатсия (муттаҳидшавӣ) дар ҳолатҳои мавҷуд будани ҳамаи се шарти дар поён зикршаванда роҳ медиҳад:

1) ҳама гуна маҳдудкунӣ бояд бевосита дар меъёрҳои қонун-гузории амалкунанда пешбинӣ шуда бошад;

2) ҳама гуна маҳдудкунӣ метавонад танҳо бо мақсади ҳимояи бехатарии миллӣ ё ҷамъиятӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ё маънавиёти ҷамъиятӣ ё ҳуқуқ ва озодиҳои дигар одамон раво дида шавад;

3) маҳдудкунӣ бояд барои мақсади ҷомеаи демократӣ зарур бошад.

Бо назардошти муқаррароти зикршудаи моддаи 22 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ (ПБҲФС), дар моддаи 14 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳо оид ба ҳолатҳои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд муқаррар карда шудааст.

Муқаррароти сархати сеюми қисми 2 моддаи 34, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба мақомоти прокуратура, мақомоти бақайдгирандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва судҳо барои манъ ва қатъ кардани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва барҳам додани онҳо салоҳиятҳои васеъ медиҳанд, ки чунин салоҳиятҳои васеъ барои маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ихтиёран муттаҳид шудани онҳо дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ асос мегарданд.

Ҳамчунин аз матни меъёрҳои моддаҳои зикршудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» маълум нест, ки кадом вайронкунии қонунгузорӣ ё вайронкунии мақсадҳои оинномавӣ бояд ба миён оянд, ки мақомоти бақайдгиранда дар бораи огоҳ намудан, боздоштан ё  барҳам додани ташкилот қарор қабул намояд.

Муроҷиаткунанда аз он нигаронӣ дорад, ки тибқи моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» Раёсати адлия метавонист Ассотсиатсияи «Ампаро»-ро дар хусуси бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршуда огоҳ карда, барои бартараф кардани камбудиҳо ба он муҳлат медод. Зеро идаое, ки дар даъвои Раёсати адлия пешбинӣ шудааст, метавонистанд бо огоҳонӣ ва пешниҳоди муҳлат барои ислоҳшавӣ аз ҷониби «Ампаро» бартараф карда шаванд. Қатъ гардидани фаъолияти ташкилот бояд чун чораи ниҳоӣ арзёбӣ карда шуда, он танҳо дар ҳолати қонунвайронкунии ҷиддӣ татбиқ карда шавад.

Муроҷиаткунанда, инчунин қайд менамояд, ки аз тарафи Раёсати адлия ва суди шаҳри Хуҷанд нисбати Ассотсиатсия татбиқ карда шудани меъёрҳои зикршудаи моддаҳои 34, 35 ва 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба моддаи 30 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:

«Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад… …Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст» ва моддаи 19 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ (ПБҲФС) мухолиф мебошад.

Ҳамин тариқ, бо барҳам додани «Ампаро» ҳуқуқи аъзои он ба озодии сухан ва баёни ақида низ, ки бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ПБҲФС кафолат дода шудаанд, поймол гардиданд.

Бо ин назардошт, муроҷиаткунанда аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ӯ мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мутобиқати сархати сеюми қисми 2 моддаи 34, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 258 «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба моддаҳои 14, 28 ва 30 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 8 ва 20 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 ва моддаҳои 14 ва 22 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966 муайян карда шавад.

8 май аз рӯйи дархости асосӣ ва 9 июни соли 2014 аз рӯйи дархости иловагии муроҷиаткунанда дар хусуси муайян намудани мутобиқати  қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба моддаҳои 14, 28 ва 30 Конс-титутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, оғоз кардани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба талабҳои дигари Д. Самадова бо асосҳои пешбининамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  рад карда шудааст.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости собиқ раиси Ассотсиатсия Д. Самадоваро дар алоқамандӣ бо талаботи  Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амалияи судӣ ҳаматарафа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пешбининамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳифзи судӣ, ихтиёран муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва озодии сухан мавқеи хосаро ишғол менамоянд.

Ҳуқуқҳои зикршудаи конститутсионии шаҳрвандон муҳимтарин нишонаи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, аз арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он сарчашма мегиранд. Зеро кафолати муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, баробар иштирок кардан дар кори онҳо ва бо хоҳишу иродаи худ аз онҳо баромадан, озодона ифода намудани фикру андешаҳои худ ба қонеъ гардонидани манфиат ва талаботи моддию маънавии шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ ба рушду таҳкими ҷомеа ва давлат равона карда шудааст.

Тибқи Конститутсия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои як қатор ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионӣ буда, онҳоро бо ирода ва бо назардошти манфиатҳои худ ва дар доираи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ ба амал мебароранд. Дар сурати поймол гаштани ҳуқуқҳои худ, онҳо аз кафолати ҳифзи судӣ бархӯрдор буда, «ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки парвандаи онҳоро суди босалоҳият, мустақил ва беғарази тибқи қонун таъсисёфта баррасӣ намояд». Ва ин ҳуқуқҳо танҳо дар асоси моддаи 14 Конститутсия «ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ маҳдуд карда мешаванд», ки ин муқаррарот ба моддаҳои 14 ва 22 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ тавъам мебошад.

Моддаи 28 Конститутсия ба ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон дахл карда, пешбинӣ менамояд, ки «шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар… иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад».

Бо ин назардошт, масъалаи вобаста ба муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, баробар иштирок кардан дар кори онҳо ва бо хоҳишу иродаи худ аз онҳо баромаданро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» мавриди танзим қарор додааст.

Қонуни мазкур (моддаи 5) иттиҳодияи ҷамъиятиро ҳамчун иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон арзёбӣ менамояд, ки ба он дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳое муттаҳид гардидаанд, ки онҳо дар оинномаи ташкилот нишон дода шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар шакли  ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳаракати ҷамъиятӣ ва мақомоти худ-фаъолияти ҷамъиятӣ таъсис ёфта, ҳуқуқи дар онҳо муттаҳид шудани шаҳрвандон бевосита амалӣ мегардад. Ин ҳуқуқ, чун дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ба воситаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳифз гашта, аз тарафи тамоми мақомоти давлатӣ риоя ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегардад.

Ҳуқуқи мазкур барои инкишофи мустақилона, созанда, худфаъолиятии шаҳрвандон ва иштироки васеи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон шароити зарурии ташкилию ҳуқуқиро фароҳам меорад.

Хусусияти демократӣ доштани татбиқи ин ҳуқуқи шаҳрвандон дар он аст, ки таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ на бо қарори дахлдори мақомоти давлатӣ, балки бо ташаббуси якчанд шаҳрванд сурат мегирад ва иттиҳодия баъд аз таҳияи ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонун ва дар мақомоти ваколатдори давлатӣ аз қайди давлатӣ гузаштанаш фаъолияти худро дар асоси оинномаи худ амалӣ менамояд.

Қонун дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳоро ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин дахолати иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо манъ карда, иттиҳодияҳои ҷамъиятиро вазифадор менамояд, ки онҳо Конститутсия, қонунгузорӣ ва вазифаҳои оинномавии худро риоя карда, қарорҳои мақомоти роҳбарикунанда ва шахсони мансабдори иттиҳодияи ҷамъиятиро сари вақт ба мақомоти бақайдгиранда пешниҳод кунанд. Маълумот ва гузориш дода, бо фаъолияташон вобаста ба амалӣ намудани мақсадҳои оинномавӣ (моддаи 25) шинос намоянд.

Назорати фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз болои иҷрои қонун ба мақомоти прокуратура ва назорат аз болои фаъолияти оинномавӣ ба мақомоти бақайдгиранда вогузор карда шудааст.

Дар навбати худ, аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ риоя ва иҷро накардани мақсадҳои оинномавӣ ва талаботи қонунгузорӣ боиси боздоштан, барҳам додан ва манъ кардани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ мегардад, ки охирин боиси норозигӣ ва муроҷиати Ассотсиатсия ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Таҳлили дархости пешниҳоднамудаи Самадова Д.Т. нишон дод, ки  дар муқаррароти қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҳолатҳое мавҷуд нестанд, ки онҳо боиси поймол ё маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба ҳифзи судӣ, муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гардида бошанд. Зеро моддаҳои зикршудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» барои ба амал баровардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ, ихтиёран таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ маҳдудият муқаррар намекунанд.

Татбиқи қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»- ин инъикоси фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии аллакай аз тарафи шаҳрвандон таъсисдодашуда мебошад, ки онҳо бинобар аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ вайрон гаштани талаботи оинномаи он ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» мавриди амал қарор дода мешаванд.

Меъёрҳои зикршудаи моддаҳои 35 ва 37 Қонуни мазкур меъёрҳои умумии муайянкунандаи тартиби боздоштан ва асосҳои барҳам додан ва манъ кардани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошанд, ки онҳо бо хусусияти умумии худ нисбати ҳама гуна иттиҳодияи ҷамъиятие, ки ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, татбиқ мегарданд.

Аз ин рӯ, ваҷҳҳои муроҷиаткунанда дар хусуси он, ки муқар-рароти қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми  қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба мақомоти прокуратура, бақайдгирандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва судҳо барои манъ ва қатъ кардани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва барҳам додани онҳо салоҳиятҳои васеъ медиҳанд ва ин салоҳиятҳо боиси маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи судӣ ва ихтиёран муттаҳид шудани онҳо дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мегарданд ва бо ҳамин асос ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия мутобиқ нестанд, заминаи ҳуқуқӣ надоранд.

Зимни таҳлил ва баррасии ваҷҳи дигари муроҷиаткунанда дар хусуси ба моддаи 30 Конститутсия мутобиқат надоштани меъёрҳои моддаҳои 35 ва 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» низ номутобиқатие ошкор карда нашуд, ки он боиси маҳдуд гаштани ҳуқуқи аъзои Ассотсиатсия ба озодии сухан гашта бошад. Зеро шаҳрвандон новобаста аз аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ будан ё набуданашон ҳуқуқи озодона гуфтани фикру андешаҳои худро доранд ва вобаста намудани ҳуқуқ ба озодии сухан ба аъзогӣ дар иттиҳодияи ҷамъиятӣ аслан маҳдуд фаҳмидани ин ҳуқуқи конститутсионӣ арзёбӣ мегардад.

Озодии сухан ҳуқуқи бечунучарои инсон ва шаҳрванд дар хусуси ба ҷомеа дастрас гардонидани андеша, эътиқоди созандаи ҳар шахс мебошад, ки қонунгузорӣ тартиби амалӣ намудани онро амиқ нишон додааст.

Аз ин рӯ, дар меъёрҳои зикршудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», ки боздоштани фаъолият, асосҳои барҳам додан ва манъ кардани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятиро танзим менамоянд, поймол ва маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба озодии сухан ошкор карда нашуд.

Ҳамин тариқ, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба моддаҳои 14, 28 ва 30 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.

Ҳамзамон Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро ҷиҳати боз ҳам мушаххас намудани асосҳо ва ҳолатҳои барҳам додан ва манъ кардани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мувофиқи мақсад мешуморад. Бо ин назардошт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки моддаи 37 Қонуни мазкурро мавриди назар қарор диҳанд.

Дар асоси ҳолатҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 31, 32, 36, 47, 48, 50 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

қарор кард:

 

1. Қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба моддаҳои 14, 28 ва 30 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.

 

2. Қарор қатъӣ буда, аз рӯйи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рӯзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

 

3. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

 

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                М. Маҳмудзода

 

Судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон                              К. Каримов