ЗАФАРОБОД. ( Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Кишоварзони ноҳияи Зафаробод шудгори сифатноки майдонҳоро то имрӯз қариб ба 95 фоиз расониданд. Майдони умумии кишти баҳорӣ 21712 гектарро ташкил мекунад. Бино ба гуфтаи корманди масъули Раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод Асадулло Умаров, кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии «Зафар», «Бахт», «Бобо Ибод», «Ҳоҷӣ Ризо» ( аз шаҳраки Зафаробод), «Рӯзибой», «Даҳкат», « Ҷавонӣ», «Бунёд» (аз деҳоти Меҳнатобод), «Дон», «Сармисолиқ», «Ҳоҷӣ Мурод», «Бобо Тоҳир» (аз деҳоти Ҳамид Алиев) майдонҳои киштро хушсифат шудгор карда, айни ҳол ба кишти пунбадона тайёрӣ мебинанд.