«Таҷрибаи бой, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои собиқадорони ҷангу меҳнат аҳамияти хосаро доро буда, барои насли имрӯзу фардои миллат чун беҳтарин дастури зиндагию фаъолият хизмат мекунанд».
Э.Раҳмон («Чаҳоряк аср дар хизмат», ба истиқболи 25- солагии таъсисёбии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, Хуҷанд-2002)
Ба хотири иншои мақола аз кору рӯзгори ягон ҷамоти деҳот ба ҳузури раиси ноҳияи Ғончӣ Зуфар Исмоилов даромадаму суҳбатамон оид ба паҳлуҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор гирифт. Раиси ноҳия гуфт:
-Бо мақсади бузургдошти кору пайкори насли кӯҳансоли диёр, қадршиносӣ аз меҳнату заҳмати пурбаракати онҳо, омӯхтани таҷрибаи бойи пирони хирад, намунаи ибрат нишон додани зиндагиномаи онҳо ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ мо соли 2013-ро дар ноҳия «Соли кӯҳансолон» эълон доштем. Ба ин муносибат қарори махсуси раиси ноҳия қабул гардид. Тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, кумитаи маҳаллаҳою деҳаҳо оид ба ин тадбир нақша-чорабинии махсус таҳия намуда, дар ин ҷода кор мебаранд. Дар ин бобат ва ҳалли масоили дигари рӯзгори ҷомеаву мардум фаъолияти Ҷамоати деҳоти Ғазантарак хеле назаррас аст.
Ҷамоати деҳоти Ғазантарак дар қисмати поёнии ноҳия қарор гирифта, аз марказ тақрибан ду километр масофа дорад ва зиёда аз чор сол инҷониб сарварии онро ҷавонмарди кордон Бобур Абдуллоев ба уҳда гирифтааст. Ӯ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати чорум) аз ҳавзаи интихоботии «Муҷун 46» буда, соҳиби ду маълумоти олӣ — муҳандис-сохтмончӣ ва ҳуқуқшинос аст.
Дар пештоқи идораи ҷамоат шиори калонеро дар бобати эълон доштани соли 2013-ро чун «Соли кӯҳансолон» насб кардаанд. Дар дохили бино ва дар ҳудуди ҷамоат ҳам ҷо-ҷо гуфтаҳои бузургонро оид ба «Соли кӯҳансолон» насб намудаанд.
Рӯзе, ки ба Ҷамоати деҳоти Ғазантарак омадам, шанбе буд ва раисро машғули қабули шаҳрвандон ёфтам. Ӯ бо чанде аз сокинони деҳот гуфтугузор дошт. Сабуров Шараф, сокини деҳаи Ғазантарак, бо масъалаи гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, Тоҷиева Маърифат, раиси маҳаллаи ҳамин деҳа, бо масъалаи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хати оби нӯшокӣ ва боз чанд нафари дигар бо маcъалаҳои гуногун ба раиси ҷамоат муроҷиат доштанд.
- Хати дуюми оби полезии деҳаи Ғазантарак бо ташаббуси аҳолӣ пештар оғоз гардида, нотамом монда буд. Мо онро ба «Барномаи рушди деҳот» дохил карда 17 августи соли 2012 мавриди баҳрабардорӣ қарор додем. Дар натиҷа 300 гектар замин, аз ҷумла 100 гектар боғу токзор ва заминҳои наздиҳавлигии бештар аз 400 хоҷагӣ бо оби полезӣ таъмин гардид,- гуфт Бобур Абдуллоев.
Аз ин мардум рӯҳбаланд гардида, тариқи ҳашар гузаронидани хати дуюми оби нӯшокиро дар деҳа сар карданд. Ба масофаи зиёда аз чор километр бо роҳи кандани хандақ аз қубурҳои обгузар лӯла хобонида, оби нӯшокӣ овардем. Барои ин кор аз ҳисоби маҳаллаҳои деҳаи Ғазантарак наздик ба 47 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Дар натиҷа аз 16 нуқтаи оби нӯшокӣ 305 оила ва 1300 нафар сокинони деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шуданд.
Аҳолии деҳот 16 ҳазору 594 нафарро ташкил дода, 7443 нафар қувваи қобили меҳнат дорад. Аз ин ҷумла 894 нафари онҳо дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди деҳот ва ноҳия бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Қисми асосии аҳолӣ бошад, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ чун саҳмдор фаъолият мебаранд.
-Дар деҳаи Зарнисор чанде пеш сохтмони маркази саломатӣ бо саҳмгузории хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҳамин деҳа ва сокинон ба маблағи 72 ҳазор сомонӣ ба анҷом расида, он рӯзҳои наздик ба истифода супорида мешавад. Ин иншоот иборат аз чор ҳуҷра, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ва мутахассисони варзида аст,-мегӯяд раиси Ҷамоати деҳот Бобур Абдуллоев. -Дар давоми сол бо ташаббуси раисони кумитаи маҳаллаҳо ва аҳолӣ роҳи деҳаҳои Ғазантарак, Зарнисор, Эшонқӯрғон ва Гулро қумпӯш кардем.
Яке аз самтҳои фаъолияти ҷамоати деҳоти мо баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон мебошад.
Дар давоми соли сипаришуда ва се моҳи аввали соли ҷорӣ 206 нафар ба мо муроҷиати хаттӣ карданд. Масъалаҳо асосан аз ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, сохтмони иншооту мағозаҳо, баҳси замин, масъалаҳои оилавӣ ва ғайра иборат мебошанд. Тӯли ин муддат дар асоси аризаҳояшон бо кӯмаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 560 оила бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.
-Дар масъалаи таҷлили «Соли кӯҳансолон» бояд гуфт, ки дар ҳудуди деҳоти мо 355 нафар кӯҳансолони аз 70 -сола боло ҳастанд ва аз ин 171 нафарашонро занҳо ташкил мекунанд,- гуфт муовини раиси ҷамоати деҳот Бекбӯта Мирзобеков. -Дар асоси қарори раиси ноҳия қарори раиси ҷамоатро содир карда, ба ин муносибат як идда чораҷӯиҳо кардем. Ташкили шиору овезаҳо оид ба бузургдошти кӯҳансолон, мулоқоту вохӯриҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат дар ҳудуди ҳафт мактаби мавҷуда, баргузории барномаҳои консертӣ ба хотири фароғату истироҳати онҳо, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо», аёдати барҷомондагон ва расонидани кӯмаки моддӣ ба камбизоатон аз ҳамин қабил мебошанд.
Қабл аз ҳама кӯшиш мекунем, ки мақсади асосии қарори раиси ноҳия аз таҷлили «Соли кӯҳансолон»- бузургдошти кору пайкори насли кӯҳансоли диёр, қадршиносӣ аз меҳнату заҳматҳои пурбаракати онҳо, омӯхтани таҷрибаи бойи пирони хирад ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ амалӣ шаванд.
Гиромӣ доштани кӯҳансолон, истифодаи таҷрибаи бойи онҳо, сабақ бардоштан аз фидокориҳои кӯҳансолон барои ҷомеаи имрӯзаи мо вазифаи басо муҳим аст, зеро мегӯянд: «Пиронро азиз дор, то ки худ пир шудӣ, азиз шавӣ!».
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»