СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Хоҷагии деҳқонии «Баландқӯрғон»-и Ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Саидқӯрғон» ният доранд, ки бо ташкили дурусти кор ва истифодаи оқилонаи қоидаҳои агротехникӣ имсол ҳосили фаровон ба даст оранд. Бино ба гуфтаи раиси хоҷагии мазкур Соҳиб Алиматов он дар ихтиёри худ зиёда аз 64 гектар замин ва 51 нафар аъзо дорад. Заркорон ҷӯю заҳбурҳоро тоза карда, заминро ба кишт омода сохтанд ва кишти чигитро анҷом доданд. Дар майдони 30 гектар чигит кишт карда шуд. Инчунин дар майдони 1,2 гектар боғи нав бунёд, дар 0,8 гектар картошка ва 15 гектар гандум кишт шуд.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон