КОНИБОДОМ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз, ки яке аз суннатҳояш покию озодагии атроф ва кабудизоркунӣ мебошад, 19 ҳазор нафар сокинони шаҳру деҳот ба шанбегӣ баромаданд. Дар ин рӯз зиёда аз 124 тонна хасу хошок бароварда, 43 ҳазору 360 метри мураббаъ ҷӯйборҳо тоза карда, зиёда аз 4,5 ҳазор ниҳол шинонида шуд. Аз ин ҳисоб 2,1 ҳазори он ниҳоли ороишиву сояафкан буда, 2,3 ҳазорашон дарахтони мевадиҳанда мебошанд. Бино ба иттилои котиби матбуотии раиси ноҳия Солиҳа Ваҳҳобова дар ин рӯзҳои баҳории соли 2013 дар 2 гектар замин боғи нав бунёд карда шуд.
Фаъолияти иттилоотии мо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бояд бамаротиб беҳтар карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон