Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, дар мавзӯи «Проблемаҳои об барои ҳаёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли проблемаҳои об махсусан таъкид гардида, масъалаҳои солимии ҷомеа, захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, проблемаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ, об ва иқтисодиёт, буҳрони баҳри Арал, проблемаҳои кӯли Сарез, чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Устодони донишкада М.Дониёрова, Ш.Каримов, С.Худойбердиев, Ф.Турсунов, Л. Хомутова, И. Иброҳимов, С. Бузрукова, Д. Лутфуллоев ва дигарон перомуни масъалаҳои зикршуда маърӯза намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.
Сипас, донишҷӯён Парвина Абдуқодирова, Дилафрӯз Бобоҷонова, Нигина Самадова бо забони англисӣ бобати масъалаҳои фақуззикр суханронӣ намуданд.
А. Салимзода