Боғҳои нав бунёд меёбанд

№42-43 (3027-3028) 05.04.2013

ЗАФАРОБОД. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар ноҳияи Зафаробод майдонҳои боғу токпарварӣ торафт доман паҳн мекунанд. Бино ба иттилои корманди масъули Раёсати кишоварзии ноҳия Асадулло Умаров бо ҷидду ҷаҳди кишоварзон ва сокинон тайи чанд соли охир дар ноҳия зиёда аз 900 гектар боғ бунёд гардидааст. Имсол бошад, мувофиқи дурнамо дар ноҳия бунёди 250 гектар боғ ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар майдони зиёда аз 100 гектар ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда шинонида шудааст. Кишоварзон ният доранд, ки бо роҳи ҳашар нақшаи бунёди боғро рӯзҳои наздик таъмин намоянд.