Ӯро бонуи ҳунар ва зебоӣ меноманд. Зеро ҳунармандест бо завқи хоса ва истеъдоди фитрӣ.
Маҳсули дастони мӯъҷизаофараш бозгӯи ҳунари баланди ӯст. Ба офаридаҳои мунаққаши ӯ, аз ҷумла ба сӯзаниву зардӯзиҳо, ки аз хаёлоти рангин ва ҳунари волояш сарчашма мегиранд, дида медӯзиву худро дар дунёи зебои ҳавасҳо дармеёбӣ.
Сабоҳат Бобоёрова аз ҷумлаи занони хоксору нексиришт ва ҳунарманду зиндагиафрӯз аст. Маҳз ирода, азму талош, покдилӣ ва поквиҷдонии ӯ буд, ки бо мушкиливу ранҷҳои рӯзгор пирӯз шуд, фарзандони аз меҳри падарӣ барвақт маҳруммондаашро ба камол расонид ва боғи зиндагиашро сабз кард. Имрӯз дар шаҳри Панҷакент ва шаҳру навоҳии атроф бо меҳнату ҳунари баланди хеш номвар асту сарбаланд.
-Ман эҳсос мекунам, ки сол аз сол таваҷҷуҳу дастгирии Давлату Ҳукумат нисбати занон, бахусус занони ҳунарманд беҳтару бештар мегардад,- мегӯяд апаи Сабоҳат ва меафзояд:
Фаъолияти меҳнатии ман соли 1978 дар Фабрикаи ҳунарҳои бадеии шаҳри Панҷакент оғоз гардидааст. Ба ҳайси устои ҳунари бофандагӣ кор мекардам. Аз соли 1991 фаъолияти меҳнатиамро дар Фабрикаи пойафзолдӯзии шаҳр идома бахшидам, вале барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва вазъи муташанниҷи ҷумҳурӣ дар он солҳо сабаб гардид, ки корхона аз фаъолият бозмонад.
Чун модари танҳо, бо фарзандони хурдсолам муддате дар чорроҳаи тақдир ҳайрон мондам. Чӣ бояд кард ва бори рӯзгор кашид? Ба ҳунари дӯзандагӣ, ки аз модарам омӯхта будам, рӯй овардам ва то метавонистам рӯзро рӯз ва шабро шаб нагуфта, сӯзан дар даст кашидадӯзӣ ва сӯзанидӯзӣ мекардам. Чун маҳсули меҳнат, офаридаҳоям ба мардум, бахусус ба арӯсону ҷавонон, писанд омад, ба дӯхтани либосҳои миллӣ машғул шудам.
Ҳамин тариқ, соли 1993 бо азму талоши Сабоҳат Бобоёрова коргоҳи дӯзандагии «Чевар» ба фаъолият оғоз намуд. Аввал ин коргоҳ оилавӣ буд, баъдтар духтарони маҳаллӣ, занони яккаву танҳо ва аз оилаҳои камбизоатро ба касбомӯзӣ ҷалб намуда, ба онҳо ройгон ҳунар омӯхт.
Аксар шогирдони апаи Сабоҳат баъди ҳунаромӯзӣ устои касби хеш шуда, дар оилаи худ ва коргоҳҳои дигар ба дӯзандагӣ машғул гардиданд. Бештар аз 50 нафар шогирдони вай имрӯз дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ва деҳоти он ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд.
-Сараввал дар коргоҳ дӯхтани либосҳои занона ба роҳ монда шуда буд. Баъдтар, баробари эҳёи ҳунарҳои миллӣ, ба дӯхтани либосҳои мардона низ камари ҳиммат бастем. То ба имрӯз 12 намуди ҳунарҳои миллӣ эҳё ва фаъолият дар ин самт хуб ба роҳ монда шудааст. Коргоҳ низ аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар гардид. Кӯшиш дорем, ки дастовардҳоямонро афзун намуда, бобати беҳбуди шароити коргарон ва зиёд кардани музди меҳнати онҳо чораҳо андешем,- иброз медорад Сабоҳат Бобоёрова.
Дар коргоҳи мазкур таҷҳизоти нави замонавӣ насб гардида, усули корбариро тибқи талаботи бозор ба роҳ мондаанд. Дар бораи ояндаи корхона апаи Сабоҳат мегӯяд:
-Нақшаву ниятҳоямон ҳамеша нек аст. Мақсад дорем, ки коргоҳамонро васеъ созем ва ҳар чӣ бештар духтарону занони маҳаллиро ба кор, ба меҳнати судманд, ба омӯзиши ҳунар раҳнамун созем. Дар ин раванд ба наздикӣ дар деҳаҳои Хумгарон ва Кошонаи шаҳри Панҷакенти бостонӣ бахши коргоҳро таъсис додем. Ҳамчунин бобати эҳёи кулли ҳунарҳои дӯзандагии водии Зарафшон талош дорем. Моро дар ин ҷода раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров дастгирӣ намуда, аз маркази шаҳр барои бунёди маркази ҳунарҳои миллӣ қитъаи замин ҷудо карданд ва алҳол сохтмони ин марказ идома дорад. Ният дорем бо ин васила ҳунарҳои миллии аз байнрафта, аз қабили кешбофӣ, намадрезӣ ва дӯхтани либосҳои қадимаи миллиро низ эҳё ва тарғиб намоем.
Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои қолинбофии вилоят ва бо баҳрабардорӣ аз таҷрибаи ҳамкорони эронӣ тасмим гирифтем, ки ин намуди ҳунарҳои миллиро рушд дода, занону духтарони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин намоем. Аз ҳама муҳимаш, занону духтарони маҳаллӣ, ки аксар бекору хонашинанд, соҳибкасб мегарданд.
Воқеан ҳам ин ҳунарманди чирадаст дар чандин озмуну намоишгоҳҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок ва таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба ҳунари миллии дӯзандагӣ ҷалб намудааст. Чунончӣ, дар озмунҳои «Андалеб», «Атлас» намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба 1150 – солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, конфронсҳои байналмилалӣ бахшида ба 6000 — солагии Саразми бостонӣ гулдӯзӣ ва сӯзаниҳои Сабоҳат Бобоёрова ба баҳои баланди бинандагон ва меҳмонони хориҷӣ сазовор гардид. Бахусус, ду соли охир дар ин ҷода ҳунарманд бо маҳсули дастони хеш, офаридаҳои завқи баландаш дастоварди бештар дорад. Соли 2012 дар озмуни ҷумҳуриявии бонувони соҳибкори Тоҷикистон – «Фараҳ» ширкат варзида, дар бахши ҳунарманди миллӣ соҳиби ҷойи аввал гардид.
Соли 2013 дар озмуни вилоятии «Мутахассиси беҳтарини сол» дар бахши ҳунарманди сол ғолиб омада, соҳиби шаҳодатнома ва туҳфаи пулӣ шуд. Ҷоизаи озмуни мазкур ба Сабоҳат Бобоёрова дар вазъияти тантанавӣ ва бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вилоят тақдим гардид.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»