Дар Маркази эҳёи ҳунарҳои миллии «Зарёб», ки бо ташаббуси зани соҳибкор Оиша Сатторова дар Хонаи фарҳанги деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил шудааст, 22 нафар занону духтарони хонашин асрори ҳунарҳои қадимаи сӯзанидӯзию занҷирадӯзиро меомӯзанд.
-Мақсад аз таъсиси чунин маҳфил эҳё намудани ҳунарҳои мардумии аз ёдҳо фаромӯшшуда аст,- мегӯяд сарвари он Оиша Сатторова.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»