ИСТАРАВШАН. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар шаҳри Истаравшан боз як корхонаи нав ба истифода дода шуд. Он ҶДММ «Эҳёгарони мерос» ном дошта, бо мақсади таъмини 25 нафар занону духтарони хонашини Ҷамоати деҳоти Чорбоғ бо кори доимӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхона бо дастгирию маблағгузории молиявии «Барномаи рушди деҳот»-и СММ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қомат афрохт. Дар ин коргоҳ гилему намад ва сабадбофӣ барин касбҳои аз ёдҳо фаромӯшшуда аз нав эҳё гардиданд. Занону духтарони маҳаллӣ баробари истеҳсоли маҳсулоти асилу қадимаи тоҷикӣ, ҳамчунин ба дӯхтани куртаю хилъатҳо, кӯрпаю кӯрпачаҳои замонавӣ машғул мешаванд.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон