Чанде қабл бо ташаббуси Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд ва дастгирии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар ноҳияи Шаҳристон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ду бозори нав, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъминанд, мавриди истифода қарор гирифт.
Субҳи барвақти рӯзи 28 ноябр маркази деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пури одам буд. Дар ин ҷо бинои собиқи «Селпо»-и деҳаро пурра таъмиру таҷдид карда, дар се тарафи он биноҳои нав сохта, бо таҷҳизоти наву зарурӣ таъмин намудаанд.
Аз даромадгоҳи бозор сар карда, дар се тарафи майдон намояндагони чордаҳ ҷамъияти матлуботи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба намоиш ва фурӯши маҳсулоти хӯрокаву пӯшока ва кишоварзӣ машғул буданд.
Минбаъд ин дӯкону растаҳо аз маҳсулоти худии соҳибкорону деҳқонони ҷамоати деҳоти «Унҷӣ» иборат хоҳанд шуд. Дар ин ҷо ҳамчунин нуқтаҳои фурӯши маҳсули дастони ҳунармандони маҳаллӣ низ ташкил хоҳанд шуд.
То оғози маросими кушодашавии бозор бо чанд тан аз меҳмонону мизбонони он ҳамсуҳбат шудам.
Усмонбой Тӯхтабоев худро мудири корхонаи савдои ҳисоби хоҷагии «Унҷӣ» муаррифӣ кард. Яъне, ӯ сарвари бозори мазкур будааст. Бино ба гуфтааш, бозори нав соҳиби ду мағозаи калон, 17 дӯкону як ошхонаву як чойхона, 13 растаи фурӯши маҳсулот ва ғайра мебошад.
-Мо аз Раёсати «Тоҷикматлубот», Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияамон, ки номи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуровро дорад, бисёр миннатдорем,- гуфт дар суҳбат раиси Ҷамоати деҳоти «Унҷӣ» Норхоҷа Додохоҷаев.
Дар маросими ифтитоҳи бозор, раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот С.Валиев, муовини раиси вилояти Суғд А. Қобилов, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров О. Орифов , раиси Раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд Я. Игамбердиев ва дигар фаъолони соҳаи матлубот иштирок доштанд. Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» С.Валиев ҳозиринро шодбош гуфта, зикр кард, ки ташкил шудани чунин нуқтаҳои савдо, агар аз як тараф ба ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ ва таҳкими иқтисодиёти кишвар мусоидат намояд, аз тарафи дигар сатҳи сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар менамояд ва аз ҷониби сеюм чандин нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд. Ӯ дар идома ҳамчунин гуфт, ки рӯзи гузашта дар ноҳияи Шаҳристон низ чунин як иншооти нави савдо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Аз фурсат итифода бурда, бо намояндагони ноҳияи Шаҳристон, ки ба ин чорабинӣ бо дастовезҳои хеш омада буданд, ҳамсуҳбат шудам.
Қабл аз баён доштани андешаи онҳо бояд гуфт, ки ҳашт моҳ пеш аз ин бо иштироки бевоситаи раиси Раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд Я.Игамберидиев фаъолияти ҷамъияти матлуботи ноҳияи Шаҳристон ва вазъи ногувори он мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, роҳбарияти раёсат пурра нав шуда буд. Барои тақвияти кори ҷамъияти матлуботи ин ноҳия яке аз кормандони масъули Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и вилоят Бозорбой Аброров ба ҳайси муовини раиси Раёсат интихоб гардид.
-Дар тӯли ин муддати кӯтоҳ мо тавонистем, ки фаъолияти пурсамари соҳаро дуруст ба роҳ монда, ғайр аз ба тартиб овардани корамон ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо идораи маъмурии ҷамъияти матлуботи ноҳияро пурра таъмир карда, боз ду утоқи кории иловагиро бунёд намоем,-гуфт Бозорбой Аброров. — Ба ҷуз ин, бо дастгирии Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд тавонистем, ки дар ҳудуди бозори марказӣ бо истифода аз масолеҳи ҳозиразамони навъи сабук дар масоҳати 450 метри мураббаъ бо арзиши лоиҳавии 301 ҳазор сомонӣ «Маркази савдо» сохта, санаи 27 ноябр онро ба истифода додем. Дар маркази савдо 17 дӯкон барои фурӯши молу маҳсулот пешбинӣ гардида, сатҳи майдони он 174 метри мураббаъро дар бар мегирад. Як адад дӯкон барои истифодаи лабораторияи озмоишӣ ва утоқи кории духтурони санитарию байтории бозор низ дар ин ҷо пешбинӣ гардидааст. Дар саҳни бозор ҳамчунин 30 ҷойи нишасти фурӯшандагон бо шароити хуб ташкил шудааст. Ба ҳамин васила дар ин маркази савдо 47 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд,-гуфт Бозорбой Аброров.
Ҳусайни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»