СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бо иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар чойхонаи Қасри Арбоб бахшида ба Рӯзи маъюбон чорабинии идона баргузор гардид.
Нахуст бо иштироки шахсони имконияташон маҳдуд бозиҳои варзишии шоҳмот ва шашка гузаронида шуд, ки дар он дастаҳои мардона ва занона байни ҳам қувваозмойӣ намуданд. Ҳамчунин намоиши маҳсули дастони коргоҳҳои ҷамъиятҳои маъюбони вилоят ба маърази тамошо гузошта шуд.
Сипас, муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Норинов ба панҷ нафар эҳтиёҷмандон туҳфа — аробачаҳои маъюбӣ супорид.
Дар охири чорабинӣ консерти идона баргузор гардид.