Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи ҳамаи соҳаҳои кишвар, хоса ба густариши ҳаматарафаи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва ин масъалаи ниҳоят муҳимро пас аз ҳифзу таҳкимбахшии давлатдории миллӣ ҳадафи дуюми Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои наздик мешуморанд.
Аз ин рӯ, ин фарзанди фарзонаи халқ, ки аз илму донишу фарҳангу маърифати миллӣ ба хубӣ бархӯрдор аст, ифтихор мекунад, ки «ҷаҳониён миллати моро, пеш аз ҳама, бо китобу хомааш ва осори беш аз ҳазорсолааш мешиносанд».
Беҳуда нест, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, хоса ҷавонону наврасон, ҳамеша дар маркази диққати Сарвари давлатамон қарор гирифтааст ва ин сиёсатмадори дурандеш нақши китоб ва китобхонаҳоро муҳиму тақдирсоз медонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 чунин мефармояд: «Имрӯз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд. Маҳз бо дарки ин зарурат Ҳукумати Тоҷикистон соли 2005 ду санади муҳими давлатӣ – «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 — 2015» ва «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015»- ро қабул намуд. Барои иҷрои ин барномаҳо аз Буҷети давлатӣ ҳашт миллион сомонӣ ҷудо карда шуд».
Ба қавли Сарвари давлат маҳз татбиқи ҳамин барномаҳо имкон дод, ки тайи чанд соли охир ҳаҷми фонди китобхонаҳои мамлакат рӯ ба афзоиш ниҳад ва ниёзи хонандагон дар самти дастрасӣ ба дастовардҳои асри иттилоот ҳар чӣ бештар қонеъ гардонида шавад.
- Ба шарофати Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашнгирии 2500-солагии шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан)» аз 3 феврали соли 2000 ва бо дастгирию пуштибонии худи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 2 солу 7 моҳ, яъне аз рӯзи содир шудани санади болоӣ то ҷашнгирии ин ҷашнвора дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бештар бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 100 адад иншооти хурду калони ҷашнӣ қомат афрохт. Мутаассифона, ҳамон вақт меъморони шаҳр сохтмони биноҳои театр, китобхона ва идораи фарҳангро ба ҳисоб нагирифтанд. Дар натиҷа, имрӯз китобхонаи марказии шаҳр дар собиқ бинои чойхонаи куҳна, театри халқӣ дар бинои собиқ клуби маданӣ-равшаннамоӣ ва идораи фарҳанги шаҳр бошад, дар собиқ бинои иҷрочиёни судии тоинқилобӣ ҷойгир шудааст.
- Имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ аксарияти китобхонаҳои шаҳру навоҳии дигар ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шудаанд, аммо китобхонаи мо одитарин шароитро надорад,- мегӯяд директори китобхонаи марказӣ Муъмин Иноятов.
Аз рӯи тадқиқоти муаррихи шинохтаи тоҷик Нуъмон Қосимов дар китоби «История русской части города Ура-Тюбе (Истаравшан)» (Душанбе, «ЭР-граф», 2003) аввалин китобхонаи ҷамъиятӣ дар шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) соли 1908 аз ҷониби Россияи подшоҳӣ ташкил карда шуда будааст, ки соли 1910 беш аз 900 адад китоб доштааст.
Бино ба гуфтаи Муъмин Иноятов, китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан дар тӯли мавҷудияти беш аз 100-солаи хеш борҳо аз як бино ба бинои дигар кӯчидааст.
-То оғози солҳои 80-уми қарни гузашта китобхона дар бинои масҷиди куҳна, ки имрӯз дар он бойгонии шаҳрӣ ҷойгир аст, қарор дошт. Соли 1979 китобхонаҳои оммавии шаҳри Истаравшан ба системаи марказонидашуда гузаронида шуд ва бинои чойхонаи Идораи савдои шаҳрро ба мо доданд,- ба ёд меорад яке аз куҳансолтарин кормандони ин китобхона, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Маъруфов.
Мо — кормандони китобхона бо машаққатҳои зиёд бинои чойхонаро каме ҳам бошад, ба китобхона мувофиқ кардем. Ин бино имрӯз дар мувозинаи Ҷамъияти саҳомии «Хуросон» қарор дорад ва мо дар ин ҷо иҷора нишастаем. Бо сабаби кам будани ҷойҳои нигаҳдории китоб зиёда аз 5000 адад адабиёти таърихӣ дар рӯи фаршҳои бино чида шудаанд, ки хавфи маҳвшавӣ онҳоро таҳдид мекунад, — мегӯяд номбурда.
Сардори Идораи фарҳанги шаҳр Абдуқаҳҳор Ҷӯраев бошад, иброз дошт, ки барои ҳалли ин масъала бо имзои раиси шаҳри Истаравшан И.Ғ. Абдуллозода борҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги кишвар ва ҳатто ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Истаравшан №23 Лутфулло Саидмуродов бо мактуб муроҷиат кардаанд, вале он ҳама натиҷае ба бор наовардааст.
Бо вуҷуди ин, аҳли зиёи шаҳри Истаравшан бовар доранд, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини соҳа дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори мамлакат дар ниҳояти кор ин мушкилро ҳал мекунанд.
Дар ҳақиқат, агар масъалаи мазкур ҳалли худро ёбад, ҳам дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон иҷро мегардад ва ҳам он як иқдоми ҷиддӣ дар роҳи татбиқи «Барномаи рушди китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2006-2015» хоҳад шуд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»