Дастовардҳои саноатчиён

№53 (3038) 03.05.2013

ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Истифодаи самарбахши таҷҳизоту технологияи пешқадами замонавӣ ба кормандони соҳаи саноати шаҳри Истаравшан имкон дод, ки нақшаи семоҳаи аввалро 168,5 фоиз ба иҷро расонанд. Онҳо дар ҳаҷми 37 миллиону 751 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 миллиону 373 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад. Дар сафи пеш корхонаҳои ҶСП «Оби зулол», ҶДММ «Элитаи Истаравшан», Ҷамъияти Аъмоён, ҶСП «Холдинги камолот», ҶС «Нексоз», ҶДММ «Сeҳроб», ҶДММ «Шарипов» қарор дошта, аллакай нақшаи истеҳсоли маҳсулоти чор — панҷмоҳаро таъмин намудаанд.