Дин ва ҷомеа

№64 (3365) 06.05.2015

Мутобиқ ба нақша-чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар таҳти унвони «Дин ва ҷомеа» баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов мизи мудавварро ҳусни оғоз бахшид. Мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов роҷеъ ба мавзӯи «Фарҳанги миллӣ ва ҷойи дин дар он» маърӯза намуд. Мавсуф дар суханронии худ аз дастгирии сиёсати Давлату Ҳукумат вобаста ба дин маълумот дода, динро ба унвони як ҷузъи фарҳанг маънидод кард. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо бо ҳимоят аз дини мубини ислом суханронӣ намудаанд ва исломро аз беҳтарин динҳои ҷаҳон шуморида, ба он рабт додани қатлу куштор ва терроризму экстремизмро андешаи ботил ва ғайри қобили қабул донистаанд. Бузургдошти Имоми Аъзам ва ташкили чандин чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ  обрӯву эътибори Тоҷикистонро бори дигар миёни кишварҳои ҷаҳони ислом баланд бардошт, — гуфт Абдуҳаким Шарипов.

Дар ин чорабинӣ инчунин раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода доир ба мавзӯи «Дин дар давлати дунявӣ» маърӯза намуд. Ҳамчунин раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва устодону донишҷӯён баёни андеша намуданд.

Ҳабиб ЮСУФӢ