Журналистикаи тоҷик таърихи пайдоиш, рушду такомули худро дорад ва дар пешрафту нумӯи он қаламкашони зиёде хизмати босазо кардаанд.
Агар мо дар радифи нахустин журналистони тоҷик номҳои мубораки устодон — Садриддин Айнӣ, Абдулвоҳид Мунзим, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Саидризо Ализода ва Раҳим Ҳошимро ном барем, дар давраҳои минбаъдаи тараққиёти ин соҳа филҳол номҳои журналистони касбӣ — устодон Бобоҷон Ғафуров, Набӣ Почоҷонов, Аҳрорӣ, Воҳид Асрорӣ ва дигарон пеши назар меояд.
Дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон як идда қаламкашоне ба майдон омаданд, ки ба таҳкиму пешрафти журналистикаи ин замон поя гузоштаанд.
Додохони Эгамзод аз ин зумра буда, дар баробари журналист будан, дизайнери хуби соҳаи журналистикаи тоҷик низ ба ҳисоб меравад.
«Ноҳид», «Сорбон», «Нилуфар», «Лочин», «Саломат бошед!», «Соҳибкор», «Сухани халқ», «Лаку Пак» ва ғайра аз зумраи рӯзномаю маҷаллаҳое мебошанд, ки Додохони Эгамзод таъсис додааст ва аксари кулли онҳо ҳоло ҳам дар рушду нумӯи ин соҳа дар вилояти Суғд бомуваффақият вазифаи худро адо мекунанд.
Аслан, дар соҳаи журналистика хабарнигорӣ, репортёрӣ, шореҳӣ, очеркнависӣ, памфлету фелетоннависӣ, публитсистика масъулияти мутахассисони алоҳида ба шумор рафта, дар ин ҷода ҳар шахс мувофиқи қудрату иқтидор ва донишу малакаи хеш дар ин ё он бахш ҳунарманд мешавад.
Додохони Эгамзод бар замми ин ҳама боз ҳунари ҳаҷвнигорӣ дорад. Хонандагони адабиёти солҳои 70-уми қарни гузашта агар ҳанӯз замони донишҷӯй будани Додохон, дар факултети журналистикаи Университети давлатии Тоҷикистон, тавассути таъсиси саҳифаи «Зангӯла» дар рӯзномаи машҳури «Комсомоли Тоҷикистон» аз ҳунари волои нигорандаи навҷӯ ва сарояндаи мавзӯи ишқи поку беолоиши ҷавонӣ буданаш огоҳӣ ёфта бошанд, рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» ҳунари ҳаҷвнигории ӯро рӯйи об баровард.
Таъсиси нашрияи Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист ва Комиҷроияи шаҳри Душанбе «Паёми Душанбе» бошад, барои Додохони Эгамзод майдони кушоиши паҳлуҳои дигари ҳунарҳои ӯ, аз қабили роҳбарӣ, ташкилотчигӣ, боҷуръат бардоштани масъалаҳо ва ғайра гардид.
Насли миёнасоли кишвар ҳикоёти ҳаҷвии марғуби ӯро дар маҷмӯаҳои «Корвони ханда», «Лабханди Нодир», «Лангари бозсозӣ», «1001 ханда» ва ғайра бо шавқу завқ ва табассуми малеҳ дар лаб қироат кардаанд.
Қиссаҳои ҳаҷвии «Гаҳворабахш ё худ қиссаи зангирии худам», «Муҳаббати думбурида ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар» ва силсилаи очерку мақолаҳои публитсистиаш хуб дар ёд ҳаст. Силсилаи асарҳояш ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, русӣ («Караван улыбок»-Москва, 1986) украинӣ, туркманиву ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.
Бинандагони телевизиони Тоҷикистон Додохони Эгамзодро ҳамчун яке аз муассисони барномаи ҳаҷвии «Чойхонаи Мушфиқӣ» низ медонанд. Ин барнома дар вақташ боиси ҳаллу фасли масоилу қазияҳои зиндагии ҳамон давр гардида буд.
Мегӯянд, ки як нафари ташнаро об додан ё гуруснаеро бо як лаб нон таъмин кардан ҳам ҳунар аст ва савоби зиёд дорад. Зиёда аз 40 нафар ходимони маҷаллаю рӯзномаҳои гуногун, ки сарпарастиашонро Додохони Эгамзод ба уҳда дорад, бо дастгирию мадад ва шарофати ин марди наҷиб рӯзгори осоишта доранд. Ростӣ, лутфу марҳамат ва меҳрубониҳои зердастонро нисбати устодашон дида, кас ангушти ҳайрат мегазад.
Бемуҳобот метавон гуфт, ки Додохони Эгамзод дар ин муддат дар вилояти Суғд мактаби хосаи журналистикаи тоҷикро созмон дод ва даҳҳо шогирдонро тарбият карда, ба воя расонид.
Бо назардошти хидматҳои беназираш Додохони Эгамзод моҳи сентябри соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Шараф« дараҷаи 2 мукофотонида шудааст.
Аз маслиҳату машварат ва дастгириҳои эшон муаллифи ин сатрҳо низ борҳо бархӯрдор шудаасту худро дӯст ва аз зумраи шогирдони ин марди соҳиби истеъдод ва ғайрату ҷуръати фавқулодда мешуморад.
Устод Додохони Эгамзодро дар пешорӯ ҷашни муборак – умри пайғамбарӣ мунтазир мебошад. Аз ин рӯ, ба дӯсти арҷмандамон, нависанда ва журналисти шинохта Додохони Эгамзод таманно мекунем, ки даҳсолаҳои дигарро ба кору эҷоду зиндагиашон зам намояд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»