Иҷлосияи маҷлиси вакилони халқ доир шуд
Дар иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷои вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2 пешниҳод гардид.
Ҳамчунин дар иҷлосия масъала «Оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 «Дар бораи Барномаи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.
Дар ин робита, аз ҷумла таъкид гардид, ки ҳоло дар вилоят ҳафт муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 23 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла нуҳ литсейи касбӣ ва 14 литсейи касбӣ-техникӣ фаъолият мекунанд. Омӯзиш нишон дод, ки аксар муассисаҳои ибтидоии касбӣ таъмирталаб буда, хобгоҳҳо барои донишҷӯён нокифоя мебошанд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ роҷеъ ба татбиқи босифати барномаи мазкур супориш дод, ки дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор дар вилоят сохтори алоҳида ташкил карда шавад, то ин ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиро назорат ва кунад ва мақомоти иҷроия ҳамоҳанг созад.
Эътибор ба истеҳсоли либоси ягонаи мактабӣ
Дар вилоят давоми соли гузашта, тибқи супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ба роҳ мондани дӯхтани либосҳои мактабӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, дар зиёда аз 85 корхонаи саноатӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ дӯхтани либосҳои мактабӣ ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа 383 ҳазору 302 нафар (аз он 226 ҳазору 135 нафар духтарон) хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят (83 фоиз) бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин гардиданд.
Тибқи нақша соли равон дар назар аст, ки боз якчанд коргоҳҳои нави дӯзандагӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ ба дӯхтани либосҳои мактабӣ ба фаъолият оғоз менамоянд.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садоим мардум»