Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд вакилон баробари дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии вилоят буҷети вилоятро барои соли 2014 қабул намуданд. Ба хабарнигорамон сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд Анвар Мирзоев роҷеъ ба ин мавзӯъ ва ҷараёни таъмини иҷрои буҷети вилоят дар даҳ моҳи соли равон иттилоъ дод.
-Нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят, бе назардошти андози иҷтимоӣ, дар даҳ моҳи соли 2013 ба андозаи 105,9 фоиз ва ба маблағи 795,1 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин нисбат ба нақша 44,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи ҳисоботи пешакӣ, нақшаи қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра пурра иҷро гардида, барои маблағгузории тадбирҳои гуногуни соҳаҳои буҷетӣ 718,7 миллион сомонӣ харҷ шудааст.
Лоиҳаи буҷети вилоят барои соли 2014 дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2012 таҳти №144, Амри раиси вилояти Суғд аз 13 январи соли 2013 таҳти №3 ва бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид. Дар он татбиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои давраи то соли 2015, консепсияҳо ва барномаҳои тараққиёти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва варзиш, дархосту пешниҳоди вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раёсату идораҳои вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шудаанд.
Нақшаи қисми даромади буҷет барои соли оянда, ки аз ҷониби комиссияҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳо манзур гардида, бо дурнамои нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ барои солҳои 2014 — 2016 мувофиқа шудааст, бо назардошти иҷрои воқеии нақшаҳои соли равон ба комиссияи буҷетии ҷумҳуриявӣ пешниҳод ва баъди омӯзишу баррасӣ нақшаи умумии даромадҳои вилоят барои соли 2014 ба маблағи 1105,0 млн. сомонӣ муайян шуд. Афзоиши даромадҳои буҷети вилоят нисбати соли 2013-ум 25 фоизро ташкил намуд.
-Нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети вилоят дар соли 2007 ҳамагӣ 164 миллион сомонӣ арзёбӣ мешуд, — зикр намуд Анвар Мирзоев. Имрӯз бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки қисми хароҷоти буҷети вилоят дар соли 2014 дар доираи нишондиҳандаҳои қисми даромад муайян гардида, ҳаҷми он барои соли оянда 1038,7 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Боиси зикр аст, ки афзоиши хароҷоти буҷети вилоят дар соли оянда 206,3 млн. сомонӣ буда, аз он беш аз 151,2 миллион сомониаш барои ислоҳоти музди меҳнат равона мешавад. Баробари ин маблағгузории дигар моддаҳои хароҷотии раёсату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда ва бо назардошти афзалиятҳои соҳавӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар соҳаи маориф соли оянда хароҷот барои таъмини афзалиятҳои соҳа – идома додани ислоҳоти системаи музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ равона гардида, хароҷоти соҳа (бо назардошти маблағи сохтмони асосӣ) ба маблағи 549,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбати буҷети соли равон 124,6 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш ба 29,3 фоиз баробар аст. Хароҷоти соҳаи маориф бо мақсади маблағгузории сарикасии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 396,2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, беш аз 72 фоизи ҷамъи хароҷоти соҳаи номбурдаро ташкил медиҳад.
Маблағгузории соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар буҷети соли 2014 ба маблағи умумии 274,2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, нисбат ба буҷети имсола 54,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Таъкид бояд кард, ки афзоиши маблағгузорӣ дар ин соҳа ба 24,6 фоиз баробар хоҳад шуд. Соли 2014-ум буҷети соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 13,2 миллион сомонӣ баробар буда, нисбати буҷети соли равон 2,2 миллион сомонӣ бештар аст. Маблағгузории соҳа 20 фоиз меафзояд.
Аз ҷумла барои нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ барои кӯдакон, пиронсолону маъюбон 7,9 миллион сомонӣ, барои ҷуброни роҳхатҳо ба иштирокчиёну маъюбони садамаи Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» 1,5 миллион сомонӣ, барои пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳое, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсил менамоянд — 1,4 миллион сомонӣ, барои пардохти кӯмакпулиҳо ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар шахсони ҳуқуқашон ба онҳо баробар, инчунин маъюбони рафъи оқибатҳои садамаи экологӣ беш аз 1,2 миллион сомонӣ равона хоҳад шуд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ (бо назардошти маблағи сохтмони асосӣ) маблағи 28,9 миллион сомонӣ, барои соҳаи фарҳанг ва варзиш (бо назардошти маблағи сохтмони асосӣ) 77 миллион сомонӣ, ба соҳаи кишоварзӣ 5,1 миллион сомонӣ, соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 21,6 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Имрӯз бо эътимод метавон гуфт, ки соли оянда низ тадбирҳо доир ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, рушди соҳаҳои маорифу нигаҳдории тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бомаром ва судманд идома хоҳад ёфт.
Мухтори Абдулло, «Садои мардум»