ИСФАРА. ( Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Маъмурияти Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Химзавод»-и шаҳри Исфара барои кормандонаш сохтмони бинои нави истиқоматӣ иборат аз 30 ҳуҷраро оғоз кард. Сохтмони бино алҳол босуръат идома дошта, дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба анҷом мерасад.
Инчунин давоми ҳамин сол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, бунёди бинои истиқоматии 10 ҳуҷрадор дар маҳаллаи нуҳуми шаҳр анҷом дода хоҳад шуд.
Соли равон дар доираи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» дар маркази шаҳр сохтмони боз ду бинои хизматӣ — истиқоматии 45 — ҳуҷрадор, яке барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дуввумӣ барои афсарони қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад.