Занон қувваи пешбаранда буда, зарурат ба кору пайкори онҳо дар эъмори ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ беш аз пеш меафзояд. Дар шаҳри бостонии Истаравшан нақши занон хеле калон аст. Дар ин робита суҳбате оростем бо мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Барно Турдиевна Ашрафова.
- Саҳми занону духтаронро дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан тӯли соли 2013 баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» кӯшиши зиёд ба харҷ дод.
Тибқи нақша, дар ин давра 25 семинари омӯзишӣ, вохӯрию суҳбатҳо дар мавзӯъҳои «Тарғиби ҳаёти солим», «Зан ва қонун», «Пешгирии омилҳои номатлуб», «Хушунат дар оила» ва ғайра дар байни хонандагону омӯзгорон, роҳбарони ҷавон, шӯрои занони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо, фаъолони деҳаҳои Арғу, Қалъаи баланди деҳоти «Қалъаи баланд», фаъолзанони деҳаҳои Обҷувоз, Қалъачаи калон, Сандағундаки деҳоти «Қалъачаи калон», фаъолзанони деҳаҳои Навганда, Сӯфӣ-Ориф, Лакати деҳоти «Зарҳалол», деҳаҳои Сари Мазор, Баландӣ, Миҷрон, маҳаллаи Ясӣ, Боғкалони деҳоти «Гули Сурх», деҳаҳои Яккабоғ, Тӯтак, Пошкенти деҳоти «Пошкент», деҳаҳои Ругунд ва Вогати деҳоти «Сабристон», кумитаҳои маҳаллаи «Навобод», «Сино», «Гулистон», Курушкада, Имоми Аъзам, Суғдиён, Боғот бо иштироки ҳуқуқшиносон аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолзанон аз раёсати маорифи шаҳр, кормандони соҳаи тандурустӣ гузаронида шуд.
Барои баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии занону духтарон дар назди Маркази шуғли аҳолӣ гурӯҳҳои омӯзишии дӯзандагӣ, қаннодӣ, оператори компютерӣ, муҳосибот, ҷомадӯзӣ, ниҳолпарвар – боғбон, «Забони русиро меомӯзам» ташкил шуд ва дар ин муддат 190 нафар духтарон соҳиби касбу кор гардиданд.
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати Президенти кишвар, дастуру супоришҳое, ки аз вохӯриашон бо зиёиёни мамлакат ва Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, дар ҳама риштаҳои фаъолият кори пурсамарро ба роҳ мондааст. Бахши кор бо занон ва оила оид ба риоя ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳама ҷамоатҳои деҳот вохӯрию мулоқотҳо гузаронид.
- Вобаста ба иди Наврӯз кадом чорабиниҳои фарҳангӣ доир мешаванд?
- Дар аксари мактабҳо, ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо озмуни «Маликаи наврӯзӣ» дар сатҳи баланди ғоявию фарҳангӣ гузаронида мешавад. Дар рафти озмун маълум хоҳад гашт, ки гулдухтарони Истаравшанӣ дар баробари соҳиби касбу коре будан, аз ҳунари тарроҳӣ то чӣ дараҷа бохабаранд.
Соли гузашта маликаҳои наврӯзӣ аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №36, литсейҳои №1 ва №2 бо тайёрии пухта баромад карда,ҷойҳои аввалро ишғол намуданд ва аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва маъмурияти мактабҳо бо ифтихорномаю туҳфаҳои идона қадрдонӣ шуда, дар озмуни шаҳрии «Маликаи Наврӯзӣ» ҳуқуқи иштирок намуданро сазовор гаштанд. Ҳангоми ҷамъбаст чунин унвони баланд насиби хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №36 Заррина Махсумова шуд.
Дар варзишгоҳи марказии шаҳр имсол ҳам дар сатҳи баланд иди Наврӯз таҷлил мегардад. Аз тарафи бахши кор бо занон ва оила намоиши хӯрокҳои миллӣ ташкил карда мешавад ва занону духтарон дар он фаъолона иштирок мекунанд. Ҳамчунин озмуни шаҳрии «Маликаи Наврӯзӣ» ҷамъбаст ва ғолибон муайян мегарданд.
- Доир ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои хонавайроншавии ҷавонон, тарғиби ҳаёти солим чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
- Дар ин бобат ҳам чораю тадбирҳои амалӣ андешида истодаем ва масъалаи мазкур яке аз самтҳои асосии фаъолияти мост. Порсол баҳри пешгирӣ намудани вайроншавии оилаҳои ҷавон бахшида ба «Рӯзи оила» озмуни «Хушдомани беҳтарин» гузаронида шуд, ки дар он ғолибиятро омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2 Саодат Солиева ба даст овард.
Дар Кумитаи маҳаллаи Имоми Аъзам бо сокинони он дар мавзӯи «Танзими ҷашну маросимҳо», «Фарогирии духтарон ба зинаи сеюми таҳсил», «Пешгирии омилҳои номатлуб» ва масъалаи тозагии муҳити атроф суҳбатҳо гузаронида шуд.
Дар давоми моҳи декабри соли гузашта бо сокинони даҳ ҷамоати деҳот оид ба мавзӯъҳои «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб намудани духтарон» мулоқоту вохӯриҳо гузаронидем.
Дар давоми соли сипаришуда 182 ҷуфти навхонадор бо сабаби ҷанҷолҳои оилавӣ ба бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан муроҷиати шифоҳӣ намуданд, ки 158 ададаш бо ҳамкории ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо, ҳуқуқшиносон аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳалли худро ёфт.
Мутаассифона, соли 2013 аз тарафи занҳо даҳ ҳодисаи худкушӣ, ду сӯйиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки панҷ ҳолати он бо сабаби ҷанҷолҳои оилавӣ рӯй додааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба занону духтарон ҳамчун қувваи бузурги ҷомеа бовариву эътимод доранд ва аз онҳо тарбияи фарзандони содиқи Ватан, миллат, ободонии кишвари азиз ва дигар иқдомҳои неку шоистаро интизоранд ва моро зарур аст, ки баҳри беҳтар намудани корҳои ташвиқотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии занону духтарон тамоми кӯшишу ғайрати худро равона намоем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар байни ҷавонон, духтарону занон, тарғиби ҳунаромӯзиву касбазхудкунӣ, идома додани касбу ҳунарҳои ниёгон тадбирҳои судмандро амалӣ карда истодааст.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»