Иҷлосияи тақдирсоз

Эҳёи давлатдории навини тоҷикон

№138-139 (3284-3285) 22.11.2014

2

Аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум баргузор шуд.

Дар арафаи таҷлили рӯзи кушодашавии  Иҷлосияи мазкур хабарнигорамон бо раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмуҳаммад ХОЛМУҲАММАДЗОДА мусоҳиб гардид.

ҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум аз чӣ иборат аст?

-Сарфи назар аз он ки мавқеи таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то кунун аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дақиқан арзёбӣ нагардидааст, вале рушди ҷомеа собит намуд, ки он дастовард ва рӯйдодҳои муҳими таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад, зеро маҳз Иҷлосияи мазкур вазъи сиёсии Тоҷикистони нави соҳиби Истиқлолияти давлатигардидаро ба эътидол оварда, онро аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот бахшид. Истиқлолияти давлатӣ якпорчагӣ, ягонагӣ ва соҳибихтиёрии ҷумҳуриро ҳифз намуда, онро дар харитаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр нигоҳ дошта, волоияти қонунро таъмин намуд, ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.

Мо, бо роҳбарии Сарвари матиниродаи хеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем ба ҷаҳониён собит намоем, ки ҳалли низоъҳои дохилӣ ва минтақавӣ, сарфи назар аз ҳама душвориву мушкилот имконпазир аст, танҳо ақли солим, азму иродаи ҷонибҳои мухолиф ва бартарии манфиатҳои умумидавлатӣ нисбат ба манфиатҳои гурӯҳӣ метавонанд сулҳро дар мамлакат пойдор созанд. Ба башарият таҷрибаи ибратомӯзи «Сулҳи тоҷикон» — бо роҳи осоишта хотима бахшиданро ба ҷанги шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои сиёсӣ пешниҳод намудем.

Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки таҷрибаи «Сулҳи тоҷикон» аз ҷониби мутахассисони соҳа ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҳамчун намуна барои аз байн бурдани кашмакашиҳо ва ихтилофоти сиёсӣ дар дигар минтақаҳои сайёра истифода мегардад.

Арзиши таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар он аст, ки зимни барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат, фаъолияти бонизоми тамоми шохаҳои ҳокимиятро оғози нав бахшид, ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва амнияти тамоми сокинони ҷумҳуриро кафолат дод.

- Байни дастовардҳое, ки Шумо зикр намудед, аз ҳама муҳимтараш кадомҳо мебошанд?

-Ҳамаи масъалаҳои зикргардида барои Тоҷикистони соҳибистиқлол тақдирсоз мебошанд. Вале тавре зикр намудем, хизмати таърихиву бебаҳои Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагӣ, ягонагӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон, Сардори давлат интихоб шудани сиёсатмадори пешбину дурандеш Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ӯ аз рӯзҳои аввал тақдиру ҳаёти худро бо ҳастии давлату миллати хеш пайваст, дар атрофи худ қувваҳои миллатдӯсту ватанхоҳи ҷомеаро муттаҳид намуда, вазъи сиёсиро ба эътидол овард, дар муҳлати кӯтоҳтарин сулҳи комилро пойдор гардонид.

Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистонро аксари давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун маркази сулҳу адолат мешиносанд ва пешниҳодҳои онро дар масъалаҳои умумибашар ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Дар ин росто, аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябри соли 2012) ёдовар шудан мувофиқи мақсад аст: «Дар таърихи ҳар миллат  рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳойии давлати нав  ба истиқлолрасидаи мо аз оташи  ҷанги харобиовар  ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки дастовардҳои баъдинаи халқи тоҷик аз татбиқи қарорҳои таърихии Иҷлосияи мазкур оғоз ёфтанд».

-Муносибати ҷаҳониён ба баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна буд, оё буданд қувваҳое, ки намехостанд, ин Иҷлосия баргузор гардад?

-Албатта, чӣ дар дохили мамлакат ва чӣ берун аз он душманони миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлолу мустақили он буданд, ки намехостанд Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон арзи вуҷуд намояд, соҳибихтиёру озод бошад, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад ва барои оғоз наёфтани он тамоми аксуламалҳоро раво медиданд. Вале онҳое, ки барояшон тақдири миллату давлати тоҷик аз манфиати шахсӣ ва гурӯҳӣ боло буд, бовар доштанд, ки Иҷлосия, бешубҳа, ҷанги шаҳрвандиро дар мамлакат қатъ гардонида, ба тинҷиву оромӣ дар ҷумҳурӣ оғози нав мебахшад.

Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввал иқдоми Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси тозаинтихоби он — Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат, ба эътидол овардани вазъи сиёсии он, баргардонидани гурезаҳо ба Ватан, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати соҳибихтиёри демократӣ дар Тоҷикистон диққати тамоми сиёсатмадорони шинохта ва созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавиро ба худ ҷалб намуд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон, парламенту мақомоти дигари давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Тасдиқи ин хулоса, барқияи Созмони Милали Муттаҳид ба унвони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он омадааст:

«Мамолики аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба кори Шумо бодиққат назорат мекунад. Дар доираҳои асосӣ чунин мешуморанд, ки маҳз Шумо масъулияти таърихиатонро эҳсос намуда, ба парокандашавии Тоҷикистон, ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид роҳ намедиҳед ва минбаъд ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, ба ғояҳои озодӣ, сулҳ ва адолат содиқ хоҳед монд…».

ҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми қонунгузории мамлакат чӣ гуна таъсир расонид?

-Бояд эътироф намуд, ки аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими қонунгузории мамлакат ва рушди минбаъдаи он бебаҳо мебошад. Зеро он дар радифи Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи пойдори ҳуқуқӣ гузошт.

Дар муҳлати на чандон тӯлонӣ бо шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти конститутсионӣ барқарор шуд, ниҳодҳои пурра фалаҷшудаи давлатдорӣ  шурӯъ ба фаъолият намуданд. Тоҷикистон дорои сохтори мукаммали идорӣ, Ҳукумати фаъол, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рамзҳои давлатӣ гардид.

Мо вазифадорем, ки дастовардҳои Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намоем. Ҳурмату эҳтироми ҳамаи онҳоеро, ки ташкилкунанда ва иштирокчии ин чорабинӣ буданд, пос дорем, манфиатҳои умумимиллӣ — ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якдиливу ҳамбастагии сокинони кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди устувори Тоҷикистони соҳибихтиёрро аз манфиатҳои шахсӣ, маҳалливу гурӯҳӣ ва ҳизбии хеш боло гузорем, масъулияти шаҳрвандии худро дар назди халқу Ватан амиқ эҳсос намуда, дар пешрафти Ватани азизамон саҳми босазо гузорем.

Мусоҳиб А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»