Фаъолони вилояти Суѓд натиљањои семоњаро баррасї намуданд

№52 (3037) 29.04.2013

Дар маркази вилояти Суѓд маљлиси фаъолони вилоят доир гардид, ки дар он раисони шањру навоњии вилоят ва роњбарони шуъбаю сохторњои вилоятї иштирок намуданд.

Оид ба натиљањои соњањои иќтисодї ва иљтимоии вилоят дар се моњи аввали соли равон муовини раиси вилоят Ањмадљон Ќобилов суханронї намуда, дар хусуси таъмини иљрои наќшаи буљети давлатї ва мањаллї, фаъолияти корхонањои истењсолї, наќлиёт, алоќа, сохтмон, роњдорї, кишоварзї бо мисолњои мушаххас њарф зад. Ў њамчунин аз фаъолияти соњањои нигањдории тандурустї, маориф, рафти иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» сухан гуфт.

Рољеъ ба рафти иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон дар бораи даъвати љавонон ба сафи Артиши миллї муовини аввали раиси вилоят Љумъабой Сангинов гузориш дод.

Раисони шањру ноњияњои Хуљанд — Раљаббой Каримов, Зафаробод — Рустам Мирзоев, Ашт — Азимбой Азизов, Мастчоњ — Мирзоањмад Ањмадзода дар бораи фаъолияти маќомоти иљроияи мањаллии  њокимияти давлатии шањру ноњияњояшон маълумот доданд.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»