КОНИБОДОМ. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Кирмакпарварони шаҳри Конибодом, чун солҳои пешин, аввалин шуда, дар миқёси вилояти Суғд марраи муродро фатҳ карданд. Чуноне котиби матбуотии раиси шаҳри Конибодом Солеҳаҷон Ваҳҳобова иттилоъ дод, пиллапарварон аз 2700 қуттӣ тухмӣ ба хирмани вилоят бештар аз 135 тонна ашёи пурқимати саноатӣ рехтанд, ки баробари 102 фоизи нақша буда, ба ҳисоби миёна аз ҳар қуттӣ 51 килограммиро ташкил менамояд. Дар дастоварди меҳнатӣ саҳми аҳли заҳмати ассотсиатсияҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Э. Бойматова (раисаш Ҳусейнбой Латифов), «Канди кӯҳан» (раисаш Анварҷон Иброҳимов), «Дӯстӣ» (раисаш Ислом Додобоев), ба номи М. Назаров (раисаш Эралӣ Маҳмудов), ба номи М. Қарабоев (раисаш Ҳомидҷон Раҳимов) ва дигарон басо калон мебошад.
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон