Шумораи аввалини нашрияи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати панҷумин солгарди Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Ганҷи забон» ба нашр расид.
Раиси кумита Гавҳар Шарофзода таъсиси рӯзномаро самараи дарахти пуршукӯҳи Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуд. Бино ба гуфти ӯ, ҳадаф аз ташкили чунин рӯзнома он аст, ки норасоиву ғалатнависӣ ва нуқсу камбудиҳои забони тоҷикиро дар тамоми соҳаву бахшҳо пайваста назорат намуда, ҷомеаро ба дарки маънии дуруст ва шево, инчунин фасоҳати забони адабии мардуми фарҳангбунёд ошно намоем ва ин забон ба маънии том забони муколама ва муоширати тамоми сокинони ҷумҳурӣ гардад.
Рӯзнома аз панҷуми сентябри соли ҷорӣ бо теъдоди 1500 нусха дастраси хонандагон шуд.
Гавҳар Шарофзода зикр намуд, ки нишони рӯзномаро се вожаи барои ҳар фарди соҳибдил маҳбуб ва ба дилҳо ошно: Меҳан — Модар — Забон оро медиҳад. Сарҳарфҳои ин се вожа (ММЗ),ки дар решаи дарахт бо ҳуруфи паҳлавӣ сабт шудаанд, ин маънии дар умқи асрҳо решаҳои амиқ доштану аз арзишҳои олитарини миллӣ ва инсонӣ бархӯрдор будани мафҳумҳои мазкур шаҳодат медиҳад.
Дар ин шумораи рӯзнома суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) ва доир ба нашри «Ганҷи забон» суханони муқаддимавии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ҷой дода шудааст.
Ҳамзамон дар саҳифаҳои «Ганҷи забон» маводи ба масъалаҳои забони тоҷикӣ бахшидашуда нашр гардида, нуқтаи назари олимону муҳаққиқони варзида доир ба мушкилот ва масъалаҳои забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст.
Таҳти унвони «Рамзу рози наҷоти таърихии тоҷикон» андешаҳои академик Акбар Турсун перомуни вазъи кунунии забони тоҷикӣ ва ҳувияти миллӣ ба табъ расидааст. Дар матлаби зикршуда муаллиф навиштааст:
«Дар оғози асри нуздаҳ, замоне ки олмониён ҳанӯз дар қаламрави як давлати мутамарказ муттаҳид нашуда буданд, мутафаккири машҳурашон Фихте аз вижагиҳои таърихию фарҳангии ҳамқавмонаш гап кушода, гуфта буд, ки онҳо воқеан «миллати забон» ҳастанд, то «миллати нажод».
Мо тоҷикону эрониёни кунунӣ, ҳам бо як ҳисоб «миллатзабон» ҳастем… Дар даврони шӯравӣ, вақте ки шоири муосирамон Бозор Собир дар тасдиқу талқини ҳамин факти таърихӣ «сарҳади тоҷик забони тоҷик аст» гуфта хитоб кард, ҳуш аз сари мафкурашӯёни коммунистӣ парид; бониёни марзҳои сиёсию идеологӣ шеъри ӯро як навъ аломати «миллатчигӣ» пиндошта, ҳатто номашро дигар карда, («забони модарӣ»-ро ба «забони Ватан» иваз намуда) баъд ба чопаш иҷозат доданд.
Ҳадафҳои дигари рӯзномаи «Ганҷи забон» инъикоси масоили мубрами забони давлатӣ, аз ҷумла масъалаҳои баҳсбарангези истилоҳу истилоҳшиносӣ, номгузорӣ, таҳлили забони воситаҳои ахбори омма, навиштаҷоти иттилоотӣ, лавҳаю овезаҳо, эълону реклама ва ғайра мебошад.
Таҳияи Хайруллои Абдулваҳҳоб, «Садои мардум»