Бо ибтикори бахши исфарагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и деҳоти «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара маҳфили адабии «Ганҷи Исфара» баргузор гардид, ки ба 80-умин солгарди нависандаи зиндаёди тоҷик Ибод Файзулло бахшида шуд. Дар маҳфили адабии «Ганҷи Исфара» адибони шинохта Додохони Эгамзод, Муқим Абдураҳмонов, Аюби Кенҷа, Нарзуллоҳи Азизиён бо зикри хотираҳои нек зиндагиномаи ин нависандаи хушномро варақгардон карданд.
- Пешниҳоди аҳли сухан дар мавриди номгузорӣ шудани кӯча ва ҳамчунин яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зодгоҳи адиб аз ҷониби раиси Ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ» Бадриддин Шаропов истиқбол карда шуд- гуфт зимни суҳбат котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев.
Ҳамчунин ба муносибати ин сана дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Исфара Осорхонаи нависандаи зинданом, ходими намоёни ҷамъиятӣ шодравон Ибод Файзуллоев ифтитоҳ ёфт. Осорхонаи тозабунёд дорои нигораҳои арзишмандест, ки дар оянда ҳидоятгари насли ҷавони ҷомеа ба роҳи нек, зебоипарастӣ, ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва тарғибгари адабиёту фарҳанги миллӣ хоҳад буд.
Дар идома намоишномаи «Аскари нобино», ки аз рӯи асари Ибод Файзулло «Аскари қаторӣ» аз ҷониби шогирдони муассисаи мазкур таҳия шуда буд, манзури иштирокдорони маҳфил карда шуд. Баҳром Файзуллоев- фарзанди устоди зиндаёд Ибод Файзуллоев барои чунин иқдомҳои наҷиб ба ташаббускорони чорабинии мазкур изҳори сипос намуда , чанд лаҳзаро аз рӯзгори падар ҳикоят кард.
Абдувосит САЛИМЗОДА