Хабарҳо аз Суғд

№148 (3294) 10.12.2014

«Ганҷи сухан»

Дар  факулети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон  Ғафуров  нишасти 122-юми маҳфили илмӣ- адабии «Ганҷи сухан» бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Тавре ректори донишгоҳ  Анвар Мақсудов зикр кард, ҷойи ифтихор ва сарфарозист, ки беш аз даҳ сол инҷониб маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» амал мекунад. Маҳфили мазкур дар тақвияти неруҳои ақлонӣ нақши сазовор дорад.

***

Мулоқот бо фаъолзанони шаҳр

Бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки занони хонашин ва фаъолони маҳаллаҳо мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот оид ба пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, муносибати арӯсу хушдоман, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва дигар паҳлуҳои оиладорӣ  суҳбати судманд доир шуд.

Ҳамчунин дар рафти  вохӯрӣ  намоишномаи нави Театри драмавӣ-мусиқии шаҳри Конибодом «Модар, ман зан мегирам» намоиш дода шуд, ки дар он маҳз мушкилоти оилавӣ инъикос гардидааст.

Мухтори АБДУЛЛО

Шумораи аввали рӯзномаи «Шафақ» ба чоп расид

Шумораи аввали «Шафақ» — нашрияи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба табъ расид.

- Умедворем, ки «Шафақ» монанди тулӯи офтоб дилҳои шуморо равшан ва хонаатонро гарм месозад. Минбаъд сокинони Хуҷанд  ва берун аз он метавонанд мақолаҳои илмиву оммавии  худро бе мамониат дар ин нашрия чоп намоянд,- омадааст дар  паёми шодбошии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»