Хатнасури бачаҳои камбизоат

№36-37 (3021-3022) 21.03.2013

ИСТАРАВШАН.(Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар остонаи Наврӯзи Аҷам дар деҳот ва маҳаллаҳои шаҳри Истаравшан доир намудани хатнасури тифлакон аз оилаҳои камбизоат сурат гирифта истодааст. Чунончӣ, бо ташаббуси як гурӯҳ соҳибкорони деҳаи Саримазори деҳоти «Гули Сурх»-и шаҳри Истаравшан хатнасури се нафар тифлакон доир гардид. Тӯйи суннатии кӯдакон дар доираи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Барои соҳибтӯйҳо, ки аз деҳаҳои Тапқоқ, Маҳаллаи Ясӣ ва Бафоӣ буданд, дастурхони идона ороста шуд. Ҳамзамон ба кӯдакон сарулибоси алоҳида ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.