Хотираи ин ҷанг сабақи таърихӣ дорад

№46 (3192) 08.05.2014

Дар арафаи 69 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 хабарнигори «Садои мардум» дар вилояти Суғд бо Шавкат Алиев — Корманди  шоистаи Тоҷикистон, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят ҳамсуҳбат гардид.

- Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ  бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар таърих чун воқеаи бузург сабт гардидааст. Хоҳишмандам, доир ба саҳми фарзандони шуҷои кишварамон дар ин ғалабаи бузург мулоҳизаҳоятонро иброз намоед.

- Воқеан ҳам он 1418 рӯзу шаби муҳорибаҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромӯшнашавандаанд. Дар солҳои ҷанг қариб 300 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз вилояти Суғд 80 ҳазор нафар, ба ҷабҳаи набард фиристода шуда, барои дифои Ватан мардонавор адои хизмат намуданд, 45 ҳазор нафар тоҷикистониён ба кор ба корхонаҳои ҳарбӣ ва ақибгоҳ фиристода шуданд. Аз муҳорибаҳои ҷангӣ қариб 100 ҳазор нафари онҳо барнагаштанд, дар майдони ҷанг мардонавор ҳалок, аз захми тири душман ҷон супорида, беному нишон гардиданд.

Барои мардонагӣ, ҷасорат дар мубориза бар муқобили фашизм дар майдони ҷанг бештар аз 55 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд, ба 54 нафари онҳо унвони олӣ — Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, (аз ҷумла аз вилояти Суғд ба 14 нафар) дода шуда, 17 нафар ҷанговарони Тоҷикистон бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» (аз вилояти Суғд-10 ,нафар) мукофотонида шуданд.

Давоми солҳои ҷанг дар ақибгоҳ одамони касбу кори гуногун бо вуҷуди душворҳои зиёд, ба хотири таъмини артиш бо хӯрок, либос ва маводи дигар шабонарӯзӣ заҳмат кашиданд. Бештар  аз 102 ҳазор нафари онҳо бо медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании  солҳои 1941-1945» мукофотонида шудаанд.

Айни ҳол дар вилоят 298 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 11 нафар ҳамсарони саробонашон дар ҷанг ҳалокгардида, 350 нафар онҳое, ки бо медали «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Ғалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои  1941-1945» сарфароз гардиданд ва 850 нафар онҳое, ки дар давраи солҳои ҷанг на кам аз шаш моҳ хизмат ё кор кардаанд, умр ба сар мебаранд. Ҳамаи онҳо таҳти ғамхории Давлату Ҳукумат қарор доранд.

- Шавкат Алиевич, дар вилоят оиди таҷлили бошукӯҳ ва хотирмони ин ҷашни бузург чӣ тадбирҳо амалӣ мешаванд?

- Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят соли равон барои дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ баргузор намудани ҷашни 69 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ корҳои назаррас ба анҷом расид. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, шӯроҳои собиқадорон таҳия шуда, иҷрои онҳо таъмин гардида истодааст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии насли калонсолро самти муҳими сиёсати худ мешуморад, нафақаи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳи солҳои ҷанг ва нафақахӯрон ҳар сол зиёд мешавад. Агар то 1 январи соли 2011 нафақаи иштирокчиёни ҷанг 538 сомонӣ, маъюбони ҷанг 574 сомонӣ, ҳамсарони саробонашон дар ҶБВ ҳалокгардида 348 сомонӣ ва нафақаи миёна дар вилоят 117 сомониро ташкил диҳад, аз 1 январи соли 2014 инҷониб нафақаи маъюби ҷанг  753 сомонӣ, иштирокчии ҷанг 672 сомонӣ, ҳамсарони саробонашон дар ҷанг ҳалокгардида 449 сомонӣ ва нафақаи миёна  дар вилоят 213 сомониро ташкил медиҳад.

Агар ба нафақае, ки имрӯз ин ашхос мегиранд, кумакпулии ҳармоҳаи додашавандаро ба инобат гирем, ба ҳисоби миёна ҳар моҳ  кумакпулии иловагӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони саробонашон дар ҷанг ҳалокгардида 100 сомонӣ, собиқадорони ақибгоҳи давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ 70 сомониро ташкил медиҳад.

Се сол муқаддам собиқадорони ақибгоҳи давраи ҷанг, онҳое, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ  бо медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида ва онҳое, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ  на кам аз 6 моҳ хизмат ё кор  кардаанд, 120-130 сомонӣ нафақа мегирифтанд, имрӯз ба ҳисоби миёна медалдорон — 450 сомонӣ, 6- моҳаҳо 372 сомонӣ нафақа мегиранд.

Бештар аз 10 сол мешавад, ки ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони саробонашон дар ҷангҳо ҳалокгардида, маъюбони амалиёти ҷанг дар қаламрави давлатҳои дигар аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кумакпулии ҳармоҳа дода мешавад.

Соли равон андозаи ин кумак нисбати соли 2013 ду маротиба зиёд карда, ба ашхоси номбурда 50 сомонӣ ва заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг 40 сомонӣ кумакпулии ҳармоҳа пардохт мешавад.

Ҳифзи саломатии собиқадорони ҷангу меҳнат дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои собиқадорон қарор дорад. Соли 2013 ба ин мақсад дар вилоят 178527 сомонӣ маблағ сарф шудааст. Солҳои охир дар вилоят қадри имкон таъминоти собиқадорони ҷангу меҳнат бо роҳхатҳои имтиёзнок ҳалли худро  меёбад. Давоми  соли 2013 дар осоишгоҳҳои вилоят ва ҷумҳурӣ 161 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат саломатии худро барқарор намуда, табобат гирифтанд.

- Гиромидошти хотираи неки қаҳрамонони ҷанг рисолати некест ва ба таҳкими эҳсоси худшиносиву ватандории насли ҷавон ҳидоятгар аст.

- Бале, ба ин масъала дар вилоят эътибори хоса зоҳир мегардад. Дар ташкилотҳои собиқадорони вилоят, шаҳру ноҳияҳо баҳри гиромидошти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони ақибгоҳи давраи ҷанг ва меҳнат дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, як зумра шахсиятҳои ҳизбию давлатӣ ва ҷамъиятӣ тадбирҳо андешида шуданд. Аз ҷумла 90-солагии дорандаи се дараҷаи ордени «Шараф» А.Фармонқулов аз шаҳри Истаравшан, собиқадори ақибгоҳи давраи ҷанг, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҳ.Каримова аз шаҳри Конибодом ва дигарон хотирмон ҷашн гирифта шуданд.

Барои бузургдошти хотираи собиқадорони ҷангу меҳнат, ёдбуди арбобони давлатию иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 100-солагии ёдбуди Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов ва Эргаш Шарифов, нависанда ва журналист, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ  Ҳоҷӣ Содиқ, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, собиқ Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ А.Қаҳҳоров, шоири ҷанговар Лутфулло Бузургзода, 90-солагии собиқадори ақибгоҳи давраи ҷанг, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Энаҷон Бойматова, дорандаи ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» П.Атоев ва дигарон хотирмон ва бошукуҳ ҷашн гирифта, хотирашон шод гардонида шуд.

Барои абадӣ гардонидани номи ҷанговарони ҳалокгардида ва фавтида ба номи онҳо номгузорӣ намудани кӯчаҳо, боғҳои фароғат, гулгаштҳо ва дигар иншоотҳо, гузоштани лавҳаҳои хотиравӣ идома дорад. Давоми ду соли охир дар зодгоҳашон нимпайкараҳои Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаев аз деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дорандагони ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» П.Атоев аз шаҳри Хуҷанд, Э.Ҳоҷамбердиев аз ноҳияи Ашт гузошта шуданд.

Соли сеюм аст, ки табрики раиси вилояти Суғд ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ба синни 90 ва 100 мерасанд, ба тарзи хотирмон гузаронида мешавад.

Собиқадорони ҷангу меҳнат, новобаста аз синну сол, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ҳар чорабиниҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ иштирок карда, дар муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои низомӣ, ташкилоту хоҷагиҳо мулоқоту вохӯриҳо доир намуда, аз ҳаёти ҷангию меҳнатии худ нақлҳо намоянд, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, густариши ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҷавонон саҳми арзанда гузоранд.

Шӯрои собиқадорони вилоят, кулли собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд барои иродатмандии хоса ва ғамхории беандоза нисбати баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқамон, бахусус иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони ақибгоҳи давраи ҷанг ва насли калонсол ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ ва сипосгузорӣ менамоянд.

Мухтори Абдулло, «Садои мардум»