-мегӯяд собиқадори меҳнат Расул Олимов
Дар дафтари корӣ машғули нигориши матлабе будам, ки «Мумкин аст?» -гӯён марди солхӯрдаи хушлибосе ворид шуд. Ба назарам чеҳрааш шинос менамуд, вале ҳеҷ ба хотир оварда наметавонистам, ки ӯро дар куҷо дидаам.
-Чанд рӯз боз нияти ба наздатон омаданро доштам, то арзи сипоси мо- мӯйсафедонро ба Сарвари давлатамон расонед,-гуфт шахси воридшуда.
-Ман тамоми умр дар соҳаи матлубот кор карда, 14 сол пеш ба нафақа баромадам. Он замон нафақаам ҳамагӣ 8 сомониро ташкил мекард, ҳозир хеле зиёд шудааст. Дар 34-солагӣ ба гирифтани ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» сазовор шудам. 28 марти соли 1970 ҳамагӣ 30-сола будам, ки бо медали «Барои меҳнати шоён» мукофотонида буданд.
Ғолиби чандин мусобиқаҳои сотсиалистӣ, иштирокдори чорабиниҳои Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС дар шаҳри Москва ва «Аълочии матлуботи СССР» шудам. Ҳамаи ин мукофотҳо барои зиёд шудани нафақаам кумак мекардаанд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ оварда, ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии шаҳр супоридам. Мақсади ман аз ин суханон чист? — гуфт мӯйсафед ва айнакашро ба чашмаш гузошта, ба мутолиаи як иқтибос пардохт: -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармудаанд: «Соли ҷорӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 54,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ё 7,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад ва мо азм дорем, ки дар ҳафт соли оянда соҳаҳои иҷтимоиро ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлатӣ дар ҳаҷми умумии 70 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ кунем.
Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таъмини нафақа мебошад. Ба ин хотир, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар доираи имкониятҳои молиявии Буҷети давлатӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд».
-Ҳама ғамхориҳои Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии халқ равона карда шудааст,- гуфт ҳамсуҳбатам бо қаноатмандӣ.
Акнун ба ёдам омад. Ин мард Расул Олимов ном дорад ва 1 апрели соли 1940 дар гузари Хосабофони шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Соли 1960 ба Техникуми кооперативии шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) дохил шуда, дар фосилаи таҳсил хизмати аскариро ба ҷо овардааст. Соли 1965 ин боргоҳи ҳунарро бо касби муҳандис-технолог ба итмом расонида, тамоми умри бобаракати худро ба хизмати халқ-ошпазӣ бахшидааст.
-Бо ҳамин касб зиёда аз 40 сол ба халқ хизмат кардам ва нони ҳалол хӯрдам,-бо ифтихор мегӯяд Расул Олимов.
Ҳамсуҳбати мо зиёда аз 20 сол дар курсҳои кӯтоҳмуддати омодасозии технолог-ошпазҳои назди Ҷамъияти матлуботи шаҳри Ӯротеппа кор карда, зиёда аз 500 нафар шогирдонро соҳиби касб намудааст.
Расул Олимов яке аз ошпазҳои моҳири шаҳри Истаравшан ба ҳисоб рафта, дар аксари чорабиниҳои калони идонаю фарҳангӣ ҳунари худро нишон додааст.
Ин пири кор имрӯз 74 -сола шудааст.
-Худованд сари Сарвари давлатамонро аз санг кунаду умрашонро дароз. Он кас дар ҳамаи вохӯрию баромадҳояшон аз ободии мамлакату осудагии халқ сухан меронанд. Ин пешравию ободиҳоро бинед, як назар андозед ба дастурхони фаровони мардум. Ман чанд сол қабл ба тавофи Хонаи Худо шарафёб шудам. Аз ин рӯ, ҳамчун Ҳоҷӣ дасти дуо мебардорам:
Ё раб, ту ҳама халқро ба мақсуд бирасон,
Шояд, ки дар ин миён мо ҳам бошем!
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»