Ба қарибӣ Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати чаҳорум баргузор гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Қоҳир Расулзода иҷлосияро ифтитоҳ намуд ва масъалаҳои рӯзнома тасдиқ гардиданд.
Аз рӯйи масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия — «Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» дар вилоят ва вазифаҳои минбаъдаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи он дар маҳалҳо» муовини якуми раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов гузориш дод. Зикр гардид, ки масъалаи мавриди баррасии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят қарорёфта дар пешбурди ҷомеа зарурӣ буда, аз мулоқоти раиси вилоят бо раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо ва фаъолон, ки моҳи феврали соли равон дар Қасри «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида буд, бармеояд.
Ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» панҷ сол сипарӣ шуда бошад ҳам, он дар маҳалҳо бояду шояд иҷро намешавад. Ҷумъабой Сангинов рафти таъмини иҷрои қонуни мазкурро дар шаҳру навоҳии вилоят муфассал таҳлил намуда, ба гузориши корҳо дар кумитаи маҳаллаҳо, ки дар пешбурди ҷомеа мавқеи муҳим доранд, баҳогузорӣ намуд.
-Худидоракунии маҳаллӣ барои мардуми мо аслан бегона нест,- гуфт ӯ. -Солҳои тӯлонӣ нақши кумитаи маҳаллаҳо, ки дар макони зисти аҳолӣ бо унвонҳои гуногун ном бурда мешаванду фаъолият мекунанд, баланд буд. Мактаби маҳалладорӣ, ки ҳоло дар аксар мавзеъҳои истиқоматии мардум амал мекунад, босамар аст.
Ҷумъабой Сангинов дар хусуси фаъолияти меҳмонхонаву чойхона ва дигар мавзеъҳои ҷамъиятии маҳаллахонаҳо, бо усули маслиҳат ҳал кардани як қисми мушкилоти аҳолӣ ва ғайраҳо таваққуф намуд. Дар вилоят алҳол 1419 кумитаи маҳалла фаъолият мекунад, аммо зикр кардан бамаврид аст, ки на ҳамаи онҳо оинномаи хешро доранд. Қисми бештари кумитаҳо утоқи корӣ, молу мулк ва дар бонкҳо суратҳисоб доранд. Аксари раисони кумитаи маҳаллаҳо бидуни маош, яъне дар асосҳои ҷамъиятӣ, кор мекунанд.
Бо вуҷуди он таҳлил собит намуд, ки дар 961 кумитаи маҳалла ҳуҷҷатгузорӣ мувофиқ ба талаботи қонун ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст. Мутаассифона, кори 458 кумитаи маҳалларо қаноатбахш баҳогузорӣ наметавон кард.
Мавсуф ҳамчунин дар бораи таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва мавқеи кумитаи маҳаллаҳо дар ин бобат сухан кард.
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар ин маврид аз фаъолияти кумитаи маҳаллаҳо изҳори нигаронӣ кард. Мутаассифона, — гуфт раиси вилоят, — қарорҳои раиси вилоят ва раисони шаҳру навоҳӣ то мардуми оддӣ расонида намешаванд. Ин амалро маҳз кумитаи маҳаллаҳо бояд иҷро намоянд.
Қоҳир Расулзода ба масъулин дастур дод, ки дар Низомномаи озмуни вилоятии «Барои маҳалли зисти беҳтарин» тағйирот ворид карда, барои муқаррар кардани мақоми кумитаи маҳаллаҳо 20-25, ҳатто бештар аз он мукофот муайян карда шавад. Зикр карда шуд, ки мавқеи кумитаи маҳаллаҳо бояд дар сатҳи баланд бошад.
Вакилон маърӯзаи иловагии узви комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Вору» №18 Муаззам Ансоровро дар ин масъала шуниданд. Дар музокираи маърӯза вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Калининобод» №48 Нозим Носиров, ҳавзаи интихоботии «Чилгазӣ» №14 Мавзуна Шарофиддинова ширкат карданд.
Дар иҷлосия муовини раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Табошар» №30 Зуфар Исмоилов дар барои фаъолияти комиссияи доимӣ ҳисобот дод.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Камоли Хуҷандӣ» №4 Муяссара Раҳимова ва ҳавзаи интихоботии «Истаравшан» №32 Файёз Султонов оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилиашон ҳисобот доданд.
Вакилон дар бораи қабули буҷети иловагии вилоят барои соли 2013 қарор қабул карданд. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 25 декабри соли 2012 таҳти №351 «Дар бораи қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2013» масъала баррасӣ гардид. Ҳамчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба номгузории иншооти ҷуғрофӣ маърӯзаи муовини раиси комиссияи номгузорӣ Абдуҳаким Шарифовро шунида, пешниҳоди комиссияро дар хусуси тағйир додани номи якчанд иншоот маъқул донистанд ва дар ин бора қарор қабул намуданд.
Вакилон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ва тасдиқи қарорҳои раиси вилоят масъалаҳоро муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»