Дар деҳаҳои Чӯянчӣ, Қалъаи Дӯст ва Меткии деҳоти «Ваҳдат»-и ноҳияи Ғончӣ чорабиниҳои оммавӣ- фарҳангӣ таҳти шиори «Деҳаи мо ид дорад» доир гардид.
Раиси ноҳия Зуфар Исмоилов зимни ширкат дар ин чорабиниҳо аз татбиқи амалии нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба «Соли гиромидошти куҳансолон» ва озмуни ноҳиявии «Маҳалли аҳолинишини беҳтарин» ҳарф зада, саҳми сокинони деҳаи Чӯянчиро дар корҳои ободонию бунёдкорӣ, фароҳам овардани ҳолати санитарӣ- гигиенӣ қаноатбахш ҳисоб кард. Аз ҷониби раиси ноҳия ба чанд аз тан куҳансолон туҳфаҳо тақдим гардид.
Дар деҳаи Қалъаи Дӯст ид аз аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бобои Ҳаким Турдиев оғоз гардид. Раиси ноҳия ба манзили собиқадори ҷанг ташриф оварда, пирамарди нурониро шодону сипосгузор ёфт. Бобои Ҳаким Турдиев дар ҳаққи Сарвари давлатмон Эмомалӣ Раҳмон дасти дуо кушод.
Бояд гуфт, ки аз ҳавлии нахустини деҳа сар карда, то дарвозаи охирини назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 намоиши ҳунарҳои халқӣ ва таомҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Раиси ноҳия ва ҳайати ҳамроҳонаш аз ин растаҳо дидан карда, ба маҳорати пазандагӣ, санъати халқии бонувони деҳа аҳсану офарин хонд.
Сурудҳои халқӣ, бадеҳаҳо, ки аз ҷониби бонувон сароида шуд, ҳамчунин тамошои ҳунарҳои чархресию калобапечонӣ, кашидадӯзию қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ, ки хоси сокинони деҳа буда, аз бобою бобокалонашон ба онҳо мерос мондааст, дили бинандагонро тасхир кард.
Дар саҳни ҳавлии мактаби номбурда варзишгарон бо намоиши ҳунару маҳорати хеш меҳмононро гарм истиқбол гирифтанд.
Раиси ноҳия Зуфар Исмоилов дар назди ҷамъомадагон суханронӣ карда, аз фарзандони номвари диёр, ба монанди шоири ҷанговар Ҳамдам Ҷӯра ёдовар шуд. Ба туфайли саъю кӯшиши аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ деҳа ободу зебо гардида, як идда биноҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд ёфта, дар хидмати мардум қарор гирифтаанд.
Дар ин ҷо низ аз ҷониби раиси ноҳия ба кӯҳансолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳунарварии санъаткорони маҳаллӣ бошад, боз ҳам чорабиниро пурмазмуну рангинтар сохт.
Муовини раиси ноҳия Зебуниссо Азимова ва раиси деҳоти «Ваҳдат» Рамазон Шарифов ба ташкилкунандагони чорабинӣ миннатдории самимӣ баён карданд.
Дар даромадгоҳи деҳаи Метк раиси ноҳия Зуфар Исмоилов ва ҳамроҳонашро дастаи аспсаворон бо эҳтироми хоса истиқбол намуданд. Ид аз ҳавлии собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Нормаҳмад Ашӯров оғоз шуд. Дар назди ҳавлии иштирокдори муҳорибаҳои Афғонистон Ашӯрмаҳмад Сафаров бошад, маҳсули дастони ҳунармандони оила, аз қабили сӯзанӣ, рӯйҷо, пешболин, ҷиҳози ороишии хона ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Бонувони ҳунарманд Тоҷӣ Исматова, Саидмоҳ Бақоева, Ӯғулой Сафарова, Хадича Норова ва чанде дигарон оид ба тарзи дӯхтану бофтани ҷиҳози хона ба ҳозирин нақл карданд. Майдони гулгуну зебоманзари деҳа, ки идгоҳи асосӣ буд, файзу таровати хоса дошт. Ин ҷо меҳмонони зиёд ширкат варзиданд. Сокинони деҳа баробари таҷлили Иди деҳа ва Соли гиромидошти куҳансолон, дар ин ҷо дар як вақт 85 — солагии пири хирад, ташаббускору ташкилотчии деҳаи Метк ҳоҷӣ Бобо Фозиловро тантана намуданд.
Раиси ноҳия Зуфар Исмоилов зимни суханронии хеш фаъолияти сокинони деҳаро дар бобати корҳои ободонию созандагӣ қобили таваҷҷуҳ арзёбӣ карда, афзуд, ки дар саромади ҳамаи ин корҳои хайру савоб пирони деҳа сарубар мебошанд. Яке аз онҳо ҳоҷӣ Бобо Фозилов ҳастанд. Аз ҷониби раиси ноҳия соҳибҷашн ва дигар шахсони барӯманди деҳа бо туҳфаҳои хотиравӣ ва китоби тозанашри шоиру омӯзгори маҳаллӣ Ҳабибулло Бобоев бо номи «Соҳибэҳтиром» қадршиносӣ гардиданд. Бояд гуфт, ки китоби мазкур аз кору рӯзгори пири хирад ҳоҷӣ Бобо Фозилов қисса мекунад.
Гурӯҳи гулдухтарон дар ситоиши деҳа ва Ватани азизамон — Тоҷикистон шеърҳо қироат карданд. Ҳамчунин зикр гардид, ки соли равон ҳашт нафар духтарон аз деҳаи Метк ба мактабҳои олии кишвар ҳуҷҷат супорида, унвони донишҷӯйиро соҳиб шудаанд. Чунин шарафи бузург ба ду нафар духтарони маҳаллӣ тавассути квотаи президентӣ насиб гашт.
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Турсунмурод Отабоев ва санъаткори шинохта Сарвар Ёдгоров базми Иди деҳа ва «Соли гиромидошти куҳансолон»-ро бо савту сурудҳои дилошӯб рангину пурмазмун сохтанд.
Иди деҳа то қарибии шом давом кард ва дар хотири сокинонаш таассуроти амиқ боқӣ гузошт.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»