Дар Қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба 100 нафар олимону донишҷӯёни лаёқатманд идрорпулии номии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро тақдим намуд.
Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронӣ дар ин маросим бо таъкиди сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз дошт: — Имрӯз мо ифтихор дорем, ки тавассути соҳибистиқлолии мамлакат ва ғамхории доимии Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди вилоят ҳафт муассисаи таълимии олӣ, 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳои гуногун бо фарогирии беш 35 800 нафар донишҷӯ амал мекунанд. Ин неруи тавонои ҷавонон қодир аст тамоми вазифаҳоро сари вақт, бо сифати баланд ва дар сатҳи зарурӣ ба ҷо оварда, рисолати созандагии худро исбот намояд.
Имсол дар вилояти Суғд 347 идрорпулии номӣ, аз ҷумла 100 идрорпулии раиси вилоят таъсис дода шудааст, ки ин амри наҷиб дар ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии мутахассисони ояндаву олимони ҷавон нақши муҳим ва муассир дорад.
С. Абдувосит