Зимни сафари кории худ ба шаҳри Исфара раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар маросими ифтитоҳи якчанд бинои маъмурӣ иштирок намуд. Нахуст дар маркази деҳоти «Ворух» бинои маъмурии шуъбаи Раёсати КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Бинои мазкур бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии вилояти Суғд бо тарҳи замонавӣ қомат афрохт. Сипас, дар ҳамин мавзеъ бинои маъмурии шуъбаи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди истифода қарор гирифт. Қоҳир Расулзода пас аз шиносойӣ бо ин биноҳо барои бо лавозимоти зарурӣ таҷҳизонидани онҳо дастур дод.
Раиси вилоят ҳамчунин зимни суҳбат бо сокинони ин деҳот изҳор дошт, ки бо қомат афрохтани чунин биноҳо Ворух ба як шаҳраки зебое табдил ёфтааст, ки ин, албатта, самараи истиқлол ва сулҳу ваҳдат мебошад. Бинои ВКД дар деҳоти «Ворух» бо харҷи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ва бинои маъмурӣ бо тамоми шароити зарурӣ бо тарҳи замонавӣ бунёд гардидааст.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»